Дар зиндагӣ ҳамагон орзӯи хуб гузаштани ҳайётро мекунанд. Мехоҳанд, ки худашон не, балки дигарон вайро таърифу аҳсант хонанд. Вобаста ба ин ҳар як кас низ имиҷи худро дорост. Бояд тавре рафтор кард, ки дигарон туро идеал қабул намоянд. Барои идеали дигарон шудан бояд аз иҷрои хислатҳои разилаи инсонӣ даст кашид. Пас, хоҳӣ ки имиҷатро аз даст надиҳӣ ба гуфтаҳои дар поён зикршуда хуб таваҷҷӯҳ намо!

Дурӯғ гуфтан. Ҳамагон дурӯғ мегӯянд. Баъзеҳо боманфиат ва баъзеҳо беманфиат. Дурӯғи маслиҳатомез аз рости фитнаангез беҳтар аст. Аслан дар дурӯғ гуфтан бояд одат накунем, чунки одами дурӯғгуйро ҳамагон бад мебинанд, ҳатто Худованд. Дурӯғ ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам аз нигоҳи инсонӣ имиҷи шахсро паст мекунад. Шахси дурӯғгуйро ҳамагон бовар намекунанд, гарчанде рост ҳам гуяд. Барои ҳамин кӯшиш кун, ки даҳонатонро ба дурӯғ гуфтан одат накунонӣ. Ҳама кор аз кардан аст. Ба дурӯғ гуфтан одат кардӣ, фикр накун, ки дигар роҳи баргашт нест. Ҳамеша роҳи кушоиши мушкилӣ вуҷуд дорад. Чи хеле ки ба дурӯғ гуфтан одат кардӣ, боз ба рост гуфтан одат кунон худатро. Ҳатман Шуморо ва зиндагиатонро дигар мекунад. Фикри фардо мекунамро макун, ҳоло ки фурсат ҳаст аз имрӯз шуруъ намо!
Қасам хурдан. Вақте кореро анҷом медиҳӣ, барои бовар кунонидани дигарон ҳеҷ гоҳ қасам махур. Чунки қасам хурдан, дар баробари дурӯғ гуфтан, имиҷи Шуморо паст мекунад. Шояд надонӣ, ки қасам хурдан чӣ хосияте дорад? Пас, таваҷҷуҳ кун ва агар ба қасам хурдан одат карда бошӣ, кӯшиши таркашро кун. Шарт нест, ки барои дилхоҳ кори кардаат Худовандро ҳамчун шоҳид ба наздат даъват кунӣ. Қасам хурдан ҳамин маъноро дорад. Яъне ту Худовандро ҳамчун шоҳид барои кори ночиз даъват мекунӣ. Ин амал на ба ту ва на ба дигарон писанд меояд. Барои таркаш шарт нест то дунёро чаппагардон кунӣ. Фақат ростгӯ бошу халос.
Ғайбат кардан. Баъзеҳо мегӯянд, ки ғайбат кардан одати духтарҳост ва духтарон тухми шайтонанд. Бачаҳо ҳамеша духтаронро паст мезананд, ҳол он ки намедонанд дар байнашон бачаҳое ҳастанд, ки шайтон як сӯ истад, аз он ҳам мегузаронанд. Ғайбат кардан фақат як хубӣ дорад. Гуноҳи шахси зери ғайбат гирифторшударо кам мекунад. Аммо ҳамаи ин чӣ даркор? Ғайбат кардан оё манфиате бароят меоварад? Фикр макун, ки аз ғайбати ту касе хушҳол мешавад ва ё одами ғайбатшуда ислоҳ. Танҳо имиҷи ту дар назди одамони мефаҳмидагӣ паст мешаваду даҳонад одат мекунад. Барои касеро ғайбат карданат ба ту ифтихорнома намедиҳанд. Кӯшиш кун, то аз он даст кашӣ, чунки ба ту намезебад.
Хоҳӣ, ки ҳамагон аз ту ба некӣ ёд кунанд, пас аз амалҳои разила даст каш ва хислатҳои ҳамидаро дар вуҷудат ҷой деҳ! Агар қасам хурдӣ, ҳатман дурӯғгуй ҳастӣ, чунки қасамхурӣ аслан кори дурӯғгуҳост. Ғайбат ҳам макун, зеро манфиате надорад. Барои нуфузатро дар ҷомеа пайдо кардан, кӯшиш кун дилеро ба даст орӣ. Касеро некӣ кунӣ. Дармондаеро даст гирӣ. Танҳо аз худат вобаста аст. Аз имрӯз шуруъ кун, зеро фардо бояд дигар корҳоро анҷом диҳӣ!…
https://donish.net/10-daleli-jolib-dar-borai-inson/



Бехтарин суханхо, ташаккури зиёд барои чунин сомонаи пур аз илму маърифат.
Бехтарин
Ахсан. Бехтарин суханхо! Худованд хифзатон кунад.