Сураи Анфол Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анфол Ояти 37

لِيَمِيزَ اللَّهُ الْخَبِيثَ مِنَ الطَّيِّبِ وَيَجْعَلَ الْخَبِيثَ بَعْضَهُ عَلَىٰ بَعْضٍ فَيَرْكُمَهُ جَمِيعًا فَيَجْعَلَهُ فِي جَهَنَّمَ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ ٣٧

Ли ямӣзаллоҳу-л-хабӣса мина-т-таййиби ва яҷъала-л-хабӣса баъЗаҳу ъала баъЗин фа яркумаҳу ҷамӣъан фа яҷъалаҳу фӣ Ҷаҳаннам. Улаика ҳуму-л-хосирун. 37.

37. То ҷудо созад Аллоҳ нопокро аз пок ва баъзе нопоконро бар баъзе биниҳад, пас, ҳамаро як ҷо анбор созад, пас, онҳоро дар Дӯзах партоб кунад. Он ҷамоъа, онҳоянд зиёнкор.

Дар ояти қаблӣ натиҷаи амали шуми шахсоне, ки душмани Ислому мусулмононанду моли худро алайҳи онҳо сарф карданд, баён шуд. Ҳоло дар ин оят ба таври умум (ё хос) Аллоҳтаъоло фармудааст: аҳли куфр молҳои худро (чун ғазои Бадр) бар хилофи дини Ислом сарф карданду дар ҳасрату надомат монданд. Ин ҳама барои он буд, ки Аллоҳтаъоло бо иродаи Худ хост гурӯҳи палидро аз гурӯҳи пок, чи дар дунё ва чи дар охират, аз ҳам ҷудо созад. Ва баъзе шахсони палиду нопокро чун ғарам (дарза)-и ҳезум болои ҳам ниҳода, ҳамаро якҷо ба Ҷаҳаннам партоб кунад. Зеро чунин тоифа касоне ҳастанд, ки худро дар зиёни дунё ва охират мондаанд, яъне худро ҳамроҳи молҳои худ дар роҳи ботил бохта, дар хасороту зарарҳо мондаанд.

Хулоса, ҳар касе пок бошад, моли поки худро дар роҳи ризои Аллоҳ сарф кунад, ҳам ӯ ғолиб асту ҳам моли харҷкардаи ӯ ба савоб иваз мешавад. Касе, ки нопок (кофир) бошад, чи дар дунё ва чи дар охират, мағлуб мегардад ва он моли нопоке, ки алайҳи мусалмонҳо сарф карда буд, сабаби ҳасрату надоматаш мешавад.

Оре! Чуноне ки аз мазмуни ояти мазкур итилоъ ёфтем, ин як суннат (одат)-и илоҳист, ки ҳамеша сафи пок аз нопок, шахси мухлис аз риёкор, муҷоҳиди ростин аз муҷоҳиди дурӯғин анҷом додани корҳо барои Аллоҳ ё барои шайтон, амалҳои инсонӣ ва зиддиинсонӣ аз ҳам ҷудо мешаванд ва ношинохта намемонанд. Мисол дар ҷаҳони имрӯза низ неруҳои истиъмории дар ниҳон тарафдорони зулм ва фасод, аммо дар зоҳир тарафдори гӯё «некӣ» сармояҳои бузургеро барои пешбурди ҳадафи худ ва барои боз доштани инсонҳо аз роҳи ҳақ ба масраф мерасонанд. Гоҳо дар либоси гӯё хайрхоҳ, гоҳо дар либоси ҷангӣ дар мамолики исломӣ ҳозир мешаванд, гоҳо бо кумакҳои башардӯстона бемористон месозанду дармонгоҳҳо таҳия мекунанд. Гоҳо ба шакли кумаки фарҳангӣ ва ғайра ҳозир мешаванд, ки ҳадафи ҳамаи онҳо як чиз аст: тавсиаи зулму ситам бар мусалмонҳо. Агар мусалмонони кунунӣ сар то қадам ба саҳобагони Расулуллоҳ (с) монанд шаванд ва ба гуфтаҳои Аллоҳтаъоло ва Муҳаммад (с) холисона итоат кунанд, дар он сурат метавонанд нақшаи ин истеъморгаронро нақши бар об созанд. Локин ҳайҳот.

Дар ояти баъдӣ аҳли куфрро хабар додааст, ки барои онҳо ҳоло ҳам имконияти тавба кардану мусалмон шудан ҳаст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анфол Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)