Хам зи Юнус лукмае бо хут дод (шархи Чоркитоб)
Матни муқаддима
Ҳам зи Юнус луқмае бо ҳут дод.
Шарҳи матн
1-Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло тавбаи бандаи мусулмонашро то замоне, ки охирин нафасҳои ҳаёт дар ҷисмаш бошад мепазирад, гарчанде тавбакунанда дар шиками моҳӣ ё аждаҳое тавба карда бошад.
2-Юнус (а) дар нишон додани сабру шикебоӣ лағжиш содир кард ва Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло барои чунин кораш вайро луқмаи моҳии бузурге дар дарё гардонид, вале баъди эътирофи ба лағжишаш дар шиками моҳӣ ва истиғфор карданаш, Аллоҳ таъоло вайро наҷот дод ва дубора ба назди қавмаш баргашт.
Далелҳои матн
1-Насаби ҳазрати Юнус ибни Мато алайҳиссалом. Ҳазрати Юнус аз пайғамбарони Бани Исроил ва аз насли Бинёмин ибни Яъқуб аст. Замони пайғамбарии вайро 815 сол баъд аз вафоти ҳазрати Мусо тахмин мекунанд, ки тақрибан чаҳорсад сол қабл аз милодӣ ҳазрати Исо ва бештар аз 2420 сол қабл аз замони мост.
2-Пайғамбарии ҳазрати Юнус алайҳиссалом. Ҳазрати Юнус барои даъвати аҳолии шаҳри Найнаво воқеъ дар Ироқ фиристода шудааст, то онҳоро аз ширку бутпарастӣ ба тавҳиду яктопарастӣ даъват бикунад. Ҳангоме аҳли он шаҳр даъваташро напазируфтанд ва имон наоварданд, онҳоро ба гирифтор шудан ба азоби ҳалоксозандае дар рӯзи мушаххас ва муъайяне ваъда дод. Ҳангоме нишонаҳои азоб зоҳир шуданд аҳолии он шаҳр дар ҳол тавба карданд ва рӯ ба истиғфор оварданд ва нишонаҳои азоб нопадид шуданд, валекин дар ин асно ҳазрати Юнус ҳозир набуд ва тавбаву истиғфори онҳоро надид.
Замоне ҳазрати Юнус ба назди онҳо биомад ва ҳамагиро зиндаву саломат бидид гумон кард, ки ваъдаи додаи Аллоҳ таъоло барои азоб таъхир кардааст ва ба ҳамин сабаб сахт дар ғазаб шуд ва дар киштӣ ба қасди тарк кардани Найнаво савор шуд. Замоне кишти дар байни дарё буд аз шино кардан монд ва киштибонон гуфтанд, ки ба сабаби вуҷуди шахси гунаҳгоре дар киштӣ, чунин мешавад ва барои шинохтани он шахс бояд қуръа партофта шавад. Чанд боре қуръа партофтанд он ба ҳазрати Юнус рост омад ва ночор вайро ба дарё андохтанд.
Ҳангоме ӯро ба дарё андохтанд моҳии бузурге ӯро фуру бурд ва Аллоҳ таоло ҷасадашро аз ҳал шудан дар шиками мохӣ ҳифз кард ва дар торикиҳои шиками моҳӣ ҳазрати Юнус чунин дуо ва эътирофи гуноҳ кард:
{ لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ سُبْحَانَكَ إِنِّي كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ} (الأنبياء : 87)
“Ло илоҳа илло анта субҳонака иннӣ кунту миназзолимин”.
Тарҷима:”Ба ҷуз ту ҳеҷ Худое вуҷуд надорад, поки Тӯ, ҳамоно ман аз ҷумлаи ситамгоронам”.
Баъди ин бо амри Аллоҳ таъоло моҳӣ ҳазрати Юнусро ба соҳил андохт ва он ҳазрат дубора ба Найнаво баргашт ва мардуми он шаҳрро бидид, ки ҳамагӣ тарки бутпарастӣ кардаву мусулмон шудаанд.
3-Хусусияти қавми Юнус алайҳиссалом. Аз ончи гузашт яке аз ин ду ҷиҳат ё ҳарду ҷиҳат хусусият барои қавми ҳазрати Юнус мешавад:
1-Хусусияти аввалаш ин аст, ки хос қавми Юнус ба муҷарради зоҳир шудани нишонаҳои азоб ва қабл аз воқеъ шуданаш ва қабл аз гирифтор шудан ба он тавба кардаанд ва имон овардаанд ва имонашон пазируфта шудааст, валекин Фиръавн ва бақияи дигар қавмҳои ҳалокшуда баъди воқеъ шудани азоб имон овардаанд ва ба ҳамин сабаб имонашон пазируфта нашудааст.
2-Хусусияти дуввум ин аст, ки Аллоҳ таоло имони мушриконро баъд аз мушоҳидаи нишонаҳои азоб ё баъди нузули азоб намепазирад. Чуноне дар оятҳои 84-85 сураи “Ғофир” мефармояд:
{فَلَمَّا رَأَوْا بَأْسَنَا قَالُوا آمَنَّا بِاللَّهِ وَحْدَهُ وَكَفَرْنَا بِمَا كُنَّا بِهِ مُشْرِكِينَ فَلَمْ يَكُ يَنْفَعُهُمْ إِيمَانُهُمْ لَمَّا رَأَوْا بَأْسَنَا سُنَّتَ اللَّهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ فِي عِبَادِهِ وَخَسِرَ هُنَالِكَ الْكَافِرُونَ} (غافر : 84 ، 85)
“Ҳангоме азоби моро мушоҳида карданд гуфтанд: “Ба Аллоҳи якка ва ягона имон овардем ва ба ончи ширк меовардем кофир шудем. Ин имони онҳо баъди муъоянаи азоб барояшон ҳеҷ фоидае надорад. Ин суннати Аллоҳ дар муъомилаи бо бандагонаш аст ва инҷо кофирон зиён бубинанд”.
Дар ояти 98 сураи “Юнус” Аллоҳ таъоло қавми Юнусро аз ин ҳукми ом истисно кардааст ва чунин гуфтааст:
{ فَلَوْلَا كَانَتْ قَرْيَةٌ آمَنَتْ فَنَفَعَهَا إِيمَانُهَا إِلَّا قَوْمَ يُونُسَ لَمَّا آمَنُوا كَشَفْنَا عَنْهُمْ عَذَابَ الْخِزْيِ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَمَتَّعْنَاهُمْ إِلَى حِينٍ} (يونس : 98)
“Пас чаро мардумони шаҳр имон наоварданд, то имонашон барояшон манфиат биорад, магар қавми Юнус, ки вақте имон овардаанд азоби расвоиро дар зиндагонии дунё аз онон бардоштем ва ононро то муддате баҳраманд сохтем”.


