Сураи Анкабуд Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анкабуд Ояти 10

وَمِنَ النَّاسِ مَنۡ يَّقُوۡلُ اٰمَنَّا بِاللّٰهِ فَاِذَاۤ اُوۡذِىَ فِى اللّٰهِ جَعَلَ فِتۡنَةَ النَّاسِ كَعَذَابِ اللّٰهِؕ وَلَٮِٕنۡ جَآءَ نَـصۡرٌ مِّنۡ رَّبِّكَ لَيَـقُوۡلُنَّ اِنَّا كُنَّا مَعَكُمۡ‌ؕ اَوَلَـيۡسَ اللّٰهُ بِاَعۡلَمَ بِمَا فِىۡ صُدُوۡرِ الۡعٰلَمِيۡنَ ١٠

Ва мина-н-наси ма-н яқулу вманна биллаҳи фа иза узия филлаҳи ҷаъала фитната-н-наси ка-ъазабиллаҳи ва ла ин ҷаа насру-м ми-р-Раббика ла яқулунна инна кунна маъакум. А-ва лайсаллоҳу би аълама би ма фӣ судури-л-ъаламӣн. 10.

10. Ва аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд. «Ба Худо имон овардем». Пас, чун дар роҳи Худо озоре дода шаванд, ранҷ додани мардумро монанди азоби Худо шуморанд. Ва агар биёяд фатҳе аз назди Парвардигори ту, мегӯянд: «Ҳаройина, мо бо шумо будем». Оё Худо ба он чӣ дар синаҳои оламиён аст, донотар нест?!

Одати шахсони мунофиқ, ки гурӯҳи севуми инсонҳо ҳисоб мешаванд, ин аст, ки дар пирӯзиҳо ба мусалмонон шариканд ва дар мушкилиҳо алайҳи мусалмонҳо забони маломат мекушоянд. Дар ин оят Худованд хабар додааст, ки аз миёни мардум касоне ҳастанд, ки изҳори имондорӣ мекунанд, мегӯянд, ки мо ба Худо имон овардаем, чун дар роҳи истиқомат дар дини Худо аз тарафи мухолифоне, ки намехоҳанд дини Худованд ба пеш равад фишори ҷисмӣ ё рӯҳӣ пайдо шавад ё ин ки таҳти озору азияти онҳо қарор гиранд, ба маломату шикваи мусалмонон менишинанд. Ҳатто чунин озорҳоро чун азоби илоҳӣ меҳисобанд. Ҳол он ки ҳеҷ вақт азобу шиканҷаи махлуқ ба азоби илоҳӣ монандӣ нест. Баъзан чунин тоифа мухолифони Исломро чунон бо итминони қалб итоъат мекунанд, ки гӯё Худованд (холиқи худ)-ро итоъат мекарда бошанд. Аммо ҳангоме ки аз ҷониби Парвардигор ба муъминон ёрие расад ва мусулмонҳо пирӯз шаванд ва моли ғанимат ба даст оранд, одатан мегӯянд, ки мо низ ба шумо ва дар дини шумо будем, ҳамроҳи шумо бо душманҳо ҷангидем, ҳамкору ҳампайкори шумо будем, ҳоло дар ифтихороти шумо мо низ шарик хоҳем буд! Дар идомаи оят, Худованд онҳоро дурӯғгӯй ҳисобида, гуфтааст, ки оё Худованд ба он чӣ ки дар дилҳои ҷаҳониён, аз хайру шар ҳаст, донотар нест? Оё онҳо гумон мекунанд, ки Худованд аз он чи дар дилҳои онҳост, бехабар аст? Адибе гуфтааст:

Бо ду роҳ натвон сӯйи ҷонон роҳ бурд,

Ё фидои Ӯ бишав, ё ки фидои хештан!


Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анкабуд Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анкабуд Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)