Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анкабуд Ояти 15
فَاَنۡجَيۡنٰهُ وَاَصۡحٰبَ السَّفِيۡنَةِ وَجَعَلۡنٰهَاۤ اٰيَةً لِّـلۡعٰلَمِيۡنَ ١٥
Фа анҷайнаҳу ва асҳаба-с-сафӣнати ва ҷаъалнаҳа айата-л лил ъаламӣн. 15.
15. Пас, Нӯҳ ва аҳли киштиро наҷот додем ва онро барои оламҳо нишонае сохтем.
Қиссаи Нӯҳ (а) дар дигар сураҳо, аз он ҷумла дар сураи «Ҳуд», муфасалан, баён шудааст. Ҳоло Худованд дар ин сура, мухтасаран, фармудааст, ки Мо Нӯҳ (а) ва касонеро, ки аз аҳлу пайравонаш буданду дар киштӣ ҳамроҳи ӯ нишаста буданд, наҷоташон додем ва онро барои мардум нишона (аломат) гардонидем, то аҳли хираду соҳибони ақл андеша кунанд.
Муфассирон дар шарҳи калимаи «нишона»-и дар ин оят истифодашуда ихтилофи назар доранд. Баъзе гуфтаанд, ки мурод аз «нишона» қиссаи Нӯҳ (а) аст. Баъзе гуфтаанд, ки мурод аз «нишона» киштии Нӯҳ (а) аст.
Шоёни қайд аст, ки бинобар ахбори расонаҳо, моҳвораҳо дар кӯҳи «Арарат», зери пиряхҳо киштиеро аксбардорӣ кардаанд. Баъзе сайёҳон низ тавонистаанд, он макон рафта, он киштии зери яхҳобударо аксбардорӣ кунанд. Бинобар хулосаи олимони таърихшинос ин ҳамон киштии «Нӯҳ (а)» аст. Валлоҳу аълам.
Дар ояти зер «қиссаи Иброҳим (а) баён мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «