Снайпер чӣ маъно дорад?

2

Истилоҳи  «снайпер» нахустин маротиба дар қисмҳои ҳарбии Британиёи Кабир пайдо шудааст. Дар забони англисӣ парандаи хурди гунҷишкмонанди бекасро «snipe» мегӯянд. Он бо ранги хираи парҳояш метавонад дар ҳама ҷо аз назар пинҳон бимонад.

Ҳаҷми хурдаш бошад, ба ӯ имкон медиҳад, ки дар сӯрохиҳои хурд низ ҷой гирад.

Ҳамчунон, бо чусту чолокии ба худаш хос масирҳои барои дигар парандаҳо мушкилро ба осонӣ мегузарад. Аз ин ҷост, ки сайд намудани он орзуи деринаи тамоми нишонзанҳо ва маҳорати баланди касбиашон ҳисоб мешуд. Бинобар ин, ба касе шикор намудани ин паранда бо аслиҳаи маъмулӣ даст диҳад, ӯро снайпер ном мебурданд.


10 хакер, ки дунё аз онҳо ҳарос дорад

http://jumhuriyat.tj/

Мақолаи қаблӣРӯзи мардон дар куҷо кай таҷлил мешавад?
Мақолаи баъдӣАломатҳои доллар ($), евро (€) ва рубл (₽) чиро ифода мекунанд?

2 ШАРҲ

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед