Сураи Анкабуд Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анкабуд Ояти 18

وَاِنۡ تُكَذِّبُوۡا فَقَدۡ كَذَّبَ اُمَمٌ مِّنۡ قَبۡلِكُمۡ‌ؕ وَمَا عَلَى الرَّسُوۡلِ اِلَّا الۡبَلٰغُ الۡمُبِيۡنُ ١٨

Ва ин туказзибу фақад каззаба умаму-м мин қабликум. Ва ма ъала-р расули илла-л-балағу-л мубӣн. 18.

18. Ва агар дурӯғ мешуморед, пас, ҳаройина, умматҳои пеш аз шумо дурӯғ шуморида буданд ва бар уҳдаи Пайғамбар ба ҷуз пайғом расонидани ошкор чизи дигаре нест».

Сипас, Иброҳим (а) дар давоми суханҳо ва насиҳатҳои худ ба он қавм гуфт, ки агар шумо суханҳои маро дурӯғ меҳисобед, ҳеҷ кори бузурге ё ҳеҷ кори тозае накардаед, то мартабаи шумо афзуда шавад. Умматҳои пеш аз шумогузашта низ, вақто ки пайғамбаронашон онҳоро ба роҳи ҳидоят насиҳат медоданд, онҳоро низ дурӯғгӯй меҳисобиданд ва бо ӯ ба мубориза бармехостанд. (Дар охир чун қавми Нӯҳ (а) ба сарнавишти дарднок гирифтор мешуданд). Вазифаи фиристодаи Худо, хоҳ пазиро шаведу хоҳ не, ҷуз аҳкоми Илоҳиро ошкоро расонидан кори дигаре нест.

Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки ояти мазкур муроҷиати Муҳаммад (с) ба қавми худ аст. Ба ҳар ҳол ҳар кадом аз ин ду эзоҳ аз назари маъно бо ҳам тафовуте надоранд. Хоҳ Иброҳим (а) бо қавми худ чунин муроҷиъат карда бошаду хоҳ Муҳаммад (с).

Ҳоло достони Иброҳим (а) муваққатан таваққуф дода шуда дар ояти зер барои ҳар як шахси кофир хитоб шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анкабуд Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анкабуд Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)