Абу Райхан Беруни биография точики Абу Рейхан Бируни Абурайхони Беруни тарчумаи хол

Абурайҳон Берунӣ: олим, мутафаккир ва ситорашиноси тоҷик
Абӯрайҳон Берунӣ Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ – олими бузург, қомуснигор, мутафаккир, муаллифи асарҳои бешумор оид ба таърих, ҷуғрофиё, забон ва адабиёт, ахтаршиносӣ, риёзӣ, механика, геодезия, минералогия, дорушиносӣ, геология ва ғайра. Олиме буд, ки ҳама илмҳои замони худро фаро гирифта. Танҳо номӯги таълифоти олим 60 саҳифа бо ҳарфҳои хурдро ташкил додааст. Асарҳои худро форсӣ-тоҷикиву арабӣ навиштааст.
Берунӣ 4-уми сентябри соли 973 дар шаҳри Кот, Хоразм ба дунё омадааст. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абӯнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ соли (940-998) меомӯзад.
Берунӣ забонҳои хоразмӣ, дарӣ, арабӣ, суғдӣ, суръёнӣ ва юнонию санскритро аз худ намуда, ба қисме аз онҳо асарҳои илмӣ таълиф кардааст. Берунӣ аз овони ҷавонӣ ба мушоҳидаи астрономӣ шуғл меварзад.
Абу Райхан Беруни
Солҳои 995-997 ҳангоми сафар гузори Берунӣ ба шаҳри Рай меафтад ва бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ шинос шуда, секстант (судс)-и ӯро меомӯзад. Соли 997 ба зодгоҳаш баргашта, глобус месозад ва онро барои муайян кардани тӯлу арзи шаҳрҳо истифода мебарад.
Бахшида ба ҳазорумин солгарди таваллуди олим Почтаи Иттиҳоди Шӯравӣ ин маркаро бароварда буд.
Солҳои 998-1004 фаъолияти илмии ӯ дар шаҳри Гургон, дар дарбори Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмагир (967-1012) мегузарад. Дар он ҷо «Осор-ул-боқия»-ро (1000) таълиф мекунад. Солҳои 1004-1017 Берунӣ дар шаҳри Гургон ба омӯзиш ва тасҳеҳи зиҷҳо бештар машғул мешавад. Соли 1018 Султон Маҳмуд Хоразмро забт карда, Беруниро ба Ғазна мебарад. Фаъолияти минбаъдаи ӯ то охири умраш асосан дар ҳамин шаҳр мегузарад. Султон Маҳмуд дар лашкаркашиҳояш ба кишвари Ҳинд Беруниро ҳамроҳи худ мебарад. Донишманд дар ин муддат бо тарзи зиндагонӣ, таърих, афкори илмӣ-фалсафӣ ва оину кешҳои мардуми ҳинд шинос шуда, забони санскритро меомӯзад ва баъзе асарҳои илмиро аз санскрит ба арабӣ ва чанд асари мутафаккирони Юнонро аз санскрит тарҷума мекунад. Мушоҳидаҳо ва тадқиқоти дақиқи олим роҷеъ ба Ҳиндустон дар асари ӯ «Мо-ли-л-Ҳинд» сабт шудаанд. Берунӣ маҳз дар ҳамин асар қайд мекунад, ки таассуби динӣ ва қатли ому тохтутозҳои ғоратгаронаи истилогарон халқи сарзамини моро аз мардуми заҳматкаши Ҳинд ҷудо карда буданд. Берунӣ қариб дар ҳамаи соҳаи илмҳои маъмули замони худ қувваозмоӣ намуда, доир ба ҳар кадом асарҳои пурарзише таълиф кардааст.
Муқоваи як китоби ситорашиносии Берунӣ
Бино ба маълумоти таърихи адади асарҳои ӯ аз 103 то 180 номгӯй мебошанд. Вале боиси таасуф аст, ки бештари он таълифоти гаронмоя дар чанголи осеби давру замонҳои номусоид нобуд шудаанд. Аз осори боқимондаи Берунӣ ҳам ҳувайдост, ки ӯ ба инкишофи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми гаронбаҳое гузоштааст.
Абурайҳон Берунӣ 11-уми декабри соли 1048 дар шаҳри Ғазнӣ аз олам чашм пушид.


