Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анкабуд Ояти 21
يُعَذِّبُ مَنۡ يَّشَآءُ وَيَرۡحَمُ مَنۡ يَّشَآءُ ۚ وَاِلَيۡهِ تُقۡلَبُوۡنَ ٢١
Юъаззибу ма-н яшау ва ярҳаму ма-н яшаъ. Ва илайҳи туқлабун. 21.
21. Ҳар киро хоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро хоҳад, раҳм мекунад ва ба сӯйи Ӯ бозгардонида хоҳед шуд.
Худованд дар ин оят ҳамчу таҳдид хабар додааст, ки бозгашти ҳамаи шумо баъди марг дар рӯзи растохез ба сӯйи Парвардигор аст! Ҳар касеро бихоҳаду мустаҳиққи азоб бидонад, азобу муҷозот мекунад, зеро онҳо кофиру осӣ буданд ва ҳар касеро бихоҳаду лоиқ бидонад, мавриди раҳмати Худ қарор медиҳад, зеро онҳо муъмин буданд ва амали нек мекарданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «