Тафсири Сураи Анкабуд Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анкабуд Ояти 4
اَمۡ حَسِبَ الَّذِيۡنَ يَعۡمَلُوۡنَ السَّيِّاٰتِ اَنۡ يَّسۡبِقُوۡنَا ؕ سَآءَ مَا يَحۡكُمُوۡنَ ٤
Ам ҳасиба-л-лазӣна яъмалуна-с-саййиати ан ясбиқуна. Саа ма яҳкумун. 4.
4. Оё ононе ки хатоҳоро ба амал оварданд, гумон карданд, ки бар мо пешдастӣ мекунанд? Бад чизест, ки ба он ҳукм мекунанд.
Эзоҳи ояти мазкур ба эзоҳи ояти қаблӣ робитаи наздик дошта, бо саволи инкорӣ Худованд шахсонеро, ки аз нофармонии Худованд боке надоштанд, имон наоварданд ва алайҳи муъминон чандин навъи зулмро раво диданд, саркӯб карда гуфтааст, ки оё фикри онҳо ин аст, ки қабл аз он ки онҳоро дар баробари амалҳои бадашон ба ҷазо расонем, моро оҷиз мегардонанду аз назди Мо ба олами дигар ғайб зада, мегурезанд? На! Онҳо ҳаргиз аз қаламрави мулки Мо ба ҳеҷ ҷой фирор карда наметавонанд! Агар фикрашон чунин бошад, худро фиреб дода, бисёр фикри бадеро барои худ андешидаанд; хоҳ нохоҳ, муҷозоти Худованд, ба суроғи онҳо хоҳад омад. Бо ибораи дигар: Оё куффори гунаҳгор гумон мекунанд, ки дар ивази он ки ин қадар бо ҳар баҳона муъминонро таҳти фишор қарор медиҳанд, муҷозоти Илоҳӣ доманагири онҳо намешавад? Худованд аз рафтори онҳо ғофил аст? Ё қудрати азоб кардани онҳоро надорад? Ҳаргиз чунин нест! Бо таври умум дар идомаи оят Худованд гуфтааст, оё касоне, ки корҳои бадро анҷом медиҳанд, гумон кардаанд, ки бо ҳар роҳ бар Мо пешгирӣ мекунанду аз ҷазои Мо раҳоӣ хоҳанд ёфт? Агар фикрашон чунин бошад, бисёр ҳукми бадеро барои худ содир кардаанд. Кори онҳо монанди шахсест, ки гуноҳе мекунад, на касал мешаваду на кӯру шалу лоғар, ӯ надонистааст, ки Худованди меҳрубон барои ӯ муҳлат додаасту ин барои озмоиши ӯст, то ӯ тавба кунаду худро барои мулоқоти рӯзи ҷазо омода гардонад. Мутаассифона, чунин шахсон баръакс дар ғурури худ ғуруру ғафлати дигаре меафзоянду фурсатеро, ки доранд, аз даст медиҳанд. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабуд «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «