Сураи Анъом Ояти 116 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 116 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 116

وَإِنْ تُطِعْ أَكْثَرَ مَنْ فِي الْأَرْضِ يُضِلُّوكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ ١١٦

Ва ин тутиъ аксара ман фи-л-арЗи юЗиллука ъан сабӣлиллаҳ. Ий яттабиъуна илла-З Занна ва ин ҳум илла яхрусун.116.

116. Ва агар аксари он мардумеро, ки дар рӯйи заминанд, фармон барӣ, туро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд. (Зеро онҳо) пайравӣ намекунанд, магар гумон (тахмин)-ро ва нестанд онҳо магар дурӯғбофандагон.

Аз мушоҳидаҳои таърихиву замонавӣ маълум шудааст, ки донишмандони асил ва аҳли ҳақиқат кам буда, аксарияти мардум пайрави ваҳму хурофот ва суханҳои тахминиву ақидаҳои беасосанд. Аз ҳамин ҷиҳат, дар ин оят Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро хитоб намуда, дигаронро шунавондааст, ки аксарияти мардуми рӯйи Замин аҳли куфр буда, ҳатто дар корҳои динияшон ҳам пайрави хоҳишот ва ҳавои нафсонии худ буда, бо тахмин кор мекунанд.

Агар ту фармонбардори онҳо шавӣ, онҳо туро аз роҳи Худо ба бероҳа мекашонанд. Зеро онҳо то ҳол мисли шахсони кӯр роҳи ҳидоятро аз залолат фарқ накардаанд.

Модоме чунин аст, пас чӣ гуна онҳо туро ба роҳи ҳаққу Худопарастӣ ҳидоят мекунанд? Кори дурусту сухани ҳақ ба ғайр аз иддаи каме аз мардум аз байни аксарияти мардум рафтааст, вале аҳли ҳақ наметавонад фикри ин гуна мардумро ба инобат гирифта, тобеъи онҳо шавад. Яъне шахси мусалмон танҳо монад ҳам, бояд ҳама чизро бо ҳукми Аллоҳтаъоло андоза кунад. Масалан, шахси мусалмон бо қонуни муайянкардаи илоҳӣ пойбанд аст, пас агар бутпарастон ба ӯ гӯянд, ки бутҳо моро ба Худо наздик месозанд ва муноҷоти моро ба Аллоҳ мерасонад ё гурӯҳе дар ҳукми ҳайвони худмурда гӯянд, ки агар мо мекуштем, ҳалол буд, ҳоло ки онро Худо куштааст, чӣ гуна метавонад ҳаром бошад ва ё афроде бидъатро анҷом диҳанду гӯянд, ки ин кор аз падару бобоҳоямон мондаасту ҳоло ҳам роиҷ аст ва ба онҳо пайрави мекунем ва ғайра, наметавонад ба онҳо итоат кунад.

Хулоса, шахси мусалмон ҳар фикру хаёли беҳуда ва пиндорҳои беасоси онҳоро набояд қабул кунад. Зеро онҳо инсонро бо ин гуна суханҳои ботилу бофтаи худ гумроҳ месозанд. Қонуни илоҳӣ ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад. Худмурдаро бо далели, ин ки Аллоҳ ӯро куштааст, ҳалол намепиндорад. Ё қонуни вазъи (инсон пешниҳод намуда)-ро бо далели он, ки муаллифони ин қонунҳо мутахассиси қонун шиносанд, ё моддапарастон (материалистон)-анд, ё аз падаронашон мерос мондааст, бо гумоне, ки онҳо ҳақанд, ба ҷои қонуни Илоҳӣ иҷро намекунад. Зеро онҳо бо ин гуна суханҳои тору пудашон аз риштаҳои ботил бофташуда мехоҳанд мусалмонҳоро мисли худашон гумроҳ созанд. Аммо шахси мусалмон дар ҳама замону макон пойбанди қонуни илоҳӣ буда, ҳеҷ вақт тобеи чунин хурофотбозҳо намешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 115 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 117 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)