Тафсири Сураи Анъом Ояти 117 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 117
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعْلَمُ مَنْ يَضِلُّ عَنْ سَبِيلِهِ ۖ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ ١١٧
Инна Раббака Ҳува аъламу ма-й яЗиллу ъан сабӣлиҳӣ ва Ҳува аъламу би-л-муҳтадӣн.117.
117. Ҳаройина, Парвардигори ту ба касе, ки аз роҳи Вай гумроҳ гаштааст, донотар аст ва (ҳамчунин) бар касоне ки ҳидоят ёфтаанд, Ӯ донотар аст.
Аллоҳтаъоло дар ин ҷумлаи хабарӣ, ки дарбаргирандаи ҳам ваъда ҳасту ҳам ваъид, аз ҳоли мардуми рӯйи Замин хабар додааст, ки ай Муҳаммад (с), албатта, Парвардигори ту ба ҳоли он ду гурӯҳе, ки яке аз онҳо роҳи ростро наёфта, гумроҳ шудааст ва дигаре дар сироталмустақим (роҳи рост) ҳидоят ёфтааст, донотар аст. Яъне Ӯ таъоло аз ҳама чиз бохабар аст. Кӣ дар роҳи ҳидоят аст ва кӣ дар роҳи гумроҳӣ хубтар медонад. Гарчанде аксари мардум дар роҳи ҳидоят нестанд, вале худро мутафаккир ва муслиҳу (ислоҳгар) дилсӯзи ҷомеа меҳисобанд. Онҳо даст ба истеъмору истисмор мезананд, ошкоро корҳои фаҳшро иҷозат медиҳанд. Ин тоифа агарчи аксарият ҳам бошанд, назди Худованд ҳеҷ эътиборе надоранд.
Аллоҳтаъоло дар ояти зер фармудааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «