Тафсири Сураи Анъом Ояти 124 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 124
وَإِذَا جَاءَتْهُمْ آيَةٌ قَالُوا لَنْ نُؤْمِنَ حَتَّىٰ نُؤْتَىٰ مِثْلَ مَا أُوتِيَ رُسُلُ اللَّهِ ۘ اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ ۗ سَيُصِيبُ الَّذِينَ أَجْرَمُوا صَغَارٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعَذَابٌ شَدِيدٌ بِمَا كَانُوا يَمْكُرُونَ ١٢٤
Ва иза ҷаатҳум аятун қолу лан-н-нуъмина ҳатта нуъта мисла ма утия русулуллоҳ. Аллоҳу аъламу ҳайсу яҷъалу рисалатаҳ. Саюсӣбу-л-лазӣна аҷраму сағорун ъиндаллоҳи ва ъазабун шадӣдун би ма кану ямкурун. 124.
124. Ва чун наздашон ояте ояд, мегӯянд: «Мо ҳаргиз имон намеорем, то он ки моро монанди он чӣ расулони Худоро дода шуд, дода шавад». Аллоҳ беҳтар медонад он мавқеъеро, ки пайғамбарҳои Худро он ҷо мефиристад. Ба зудӣ ононеро, ки назди Аллоҳ гунаҳкоранд, ба сабаби он ки макр мекарданд, азоби сахт хоҳад расид.
Соҳиби «Сафватут-тафсир» аз тафсири «Ал-баҳр», 4/216 чунин нақл мекунад, ки Абӯҷаҳл гуфт: “Мо ҳамеша дар шарафу обрӯ бо бани (авлоди) Абдуманноф дӯш ба дӯши ҳамдигар будем, мо намегузоштем то онҳо аз мо пешқадам бошанд. Ҳоло бошад онҳо мегӯянд, ки дар байни мо набие ҳаст, ки аз тарафи Аллоҳтаъоло ба ӯ ваҳй меояд. Қасам ба Аллоҳ, ман ҳаргиз тобеи ӯ намешавам.” Баъзе аз муфасирон гуфтанд, ки ин оят дар ҳаққи Валид ибни Муғира нозил шудааст, ки гуфт: “Агар пайғамбарӣ кори ҳақу дуруст бошад, ман нисбат ба Муҳаммад ба ин мартаба сазовортарам. Зеро дар синну сол ман аз ӯ калонтару дар молу авлод аз ӯ болотарам, пас чаро ба вай ваҳйи илоҳӣ меомадаасту ба ман не?” Ҳамоно буд, ки ояти мазкур нозил шуд. Дар он Худованд аз рӯйи чунин шахсони аз ҳидоят маҳрум парда бардошта фармуд, ки агар барои рост будани гуфтаҳои Муҳаммад (с) ба чунин мушрикон ҳуҷҷату бурҳони ошкоро ва ҳатто оятҳои далолаткунанда ҳам ояд, онҳо на ин, ки тасдиқ намекунад, балки истеҳзо намуда, мегӯянд, ки то он чизе, ки ба пайғамбарон, хусусан ба Муҳаммад аз тарафи Парвардигор омадааст, ба мо низ наояд, мо имон намеорем ва ба пайғамбарии ӯ бовар ҳам намекунем. Во аҷабо, аз ҳоли чунин шахсони фурӯмоя! То ҳар кадоми онҳо аз тарафи Парвардигор ба пайғамбарӣ таъин нашаванд, имон намеоранд! Ин шӯрбахтон бе хабар аз он мондаанд, ки ин амонати илоҳӣ ва ин пайғамбарӣ мисли ҷоҳу мансаби дунё нест, ки то инсон битавонад бо саъю кӯшиш, мол ва дуою риёзат онро ба даст орад. Аллоҳтаъоло беҳтар медонад пайғамбариро ба кӣ ва дар куҷо лоиқ бинад. Онҳо надонистанд, ки фазлу мақоми пайғамбарӣ ин кори динист, шароитҳои махсус дорад ва онҳо лаёқати соҳиб шудани чунин мартабаро надоранд? Ҳоло бошад ай мушрикон, шумо мехоҳед ё не, Ӯ таъоло ин мартабаи пайғамбариро ба Муҳаммад (с) муносиб дида, ӯ (с)-ро маҳбуби Худ хондааст.
Ин гуна мушрикони ҷоҳил бо мазмуни қисми охири ин оят муҷрим дониста шудаанд. Онҳо ба сабаби он макру ҳилаҳои доимияшон рӯзи қиёмат аз ҷониби Аллоҳтаъоло ба хорӣ ва расвогӣ хоҳанд расид.
Хулоса, чуноне ки дар оятҳои 31-32-юми сураи «Зухруф» меояд, онҳо бо ихтиёри худ раҳмати илоҳиро тақсим намуда, аз рӯйи кибру ҳасад хостанд, ки ваҳйи илоҳӣ ба сардорони ду деҳа, ки сарватманд ва соҳиби ҷоҳу ҷалоланд, биёяд, вале …
Ояти зер аҳволи ин ду тоифаро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «