Тафсири Сураи Анъом Ояти 123 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 123
وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا فِي كُلِّ قَرْيَةٍ أَكَابِرَ مُجْرِمِيهَا لِيَمْكُرُوا فِيهَا ۖ وَمَا يَمْكُرُونَ إِلَّا بِأَنْفُسِهِمْ وَمَا يَشْعُرُونَ ١٢٣
Ва казалика ҷаъална фӣ кулли қарятин акабира муҷримӣҳа ли ямкуру фӣҳа. Ва ма ямкуруна илла би анфусиҳим ва ма яшъурун. 123.
123. Ва ҳамчунон дар ҳар деҳа сардорони гунаҳкорро офаридем, то дар он ҳила (фасод) афкананд. Ва бар касе ҳила намеяфкананд, магар бар нафсҳои худ ва фикр намекунанд.
Худованд дар ин оят гуфтааст, ки ай Муҳаммад (с), чуноне ки дар шаҳру деҳаи ту ҷинояткорони бузург ва сардорони гунаҳкор ҳастанд, ки мардумро ба сӯйи куфр даъват мекунанд, садди роҳи имону ислом овардани онҳо мешаванд ва ба ту ихтилоф мекунанду душманӣ меварзанд, ҳамчунин дар шаҳру деҳаҳои пайғамбарони гузашта ҳам гунаҳкорони бузургеро падид оварда будем, ки бо макру ҳила алайҳи пайғамбарони ҳамасри худ душманӣ мекарданд. Он сарони гумроҳ аз ҷоҳу ҷалолу мансаби худ сӯйистифода намуда чораҳои фиребанда меандешиданд ва бо суханҳои шайтонии худ мардумро маҷбуран вориди ҳизбу созмонҳои ботили хеш месохтанд. Ҳатто ин гуна рафтор боиси хурсандии онҳо ҳам қарор мегирифт.
Ибни аби Талҳа аз ибни Аббос (р) чунин ривоят кардааст, ки вақто ин гуна шахсони ҷиноятпешаи бадкор болои мардум падид омаданд ва ба таври умум мардум тобеи онҳо шуда даст ба гуноҳ заданд, азоби умум онҳоро ҳалок гардонид. Ба ҳар тақдир, ин сардорони ҷинояткори маккори зулмпешаи ин ё он давру замон оё хабар надоранд, ки ҳар чи кардаанд ва ё мекунанд, бар зиёни худашонаст? Онҳо надонистанд, ки алайҳи дини Ҳақ мубориза бурдан ин алайҳи Аллоҳ мубориза бурдан аст! Онҳо надонистаанд, ки болои сарашон омадани балоҳоро худашон омода сохтаанд?
Чунин мазмунро дар ояти 35-уми сураи «Сабо», ояти 23-юми сураи «Зухруф» ва дар дигар сураҳои Қуръон пайдо кардан мумкин аст.
Ояти зер аз баъзе аҳволи чунин шахсон сухан мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «