АЗ КАЙ БАРОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ШАХСИЯТ АЗ ИЗИ АНГУШТ ИСТИФОДА МЕБАРАНД?
Яке аз воситаҳои муайян намудани шахсият ин изи ангуштонаш мебошад. Аммо ба андешаи коршиносон ин усули нав нест. Зеро дар Чин навиштаҷоти қадимие пайдо шуд, ки дар он ҷойи имзо изи ангуштон мавҷуд аст. Бо ин далел метавон гуфт, ки роҳи муайян намудани шахсият аз рӯи изи ангуштон тақрибан 2000 сол пеш вуҷуд доштааст.

Вале дар илм изи ангуштро бори аввал барои муайян намудани шахсият олими итолиёвӣ Марчелло Малпиги соли 1686 истифода бурдааст. Ӯ зери заррабин рахҳои дар ангуштон мавҷуд бударо омӯхта, дарк менамояд, ки рахҳои мазкур шаклҳои махсуси ҳалқамонанд доранд.
Баъдтар усули гирифтани изи ангушт барои муайянкунии шахсияти маҳбусон соли 1858 истифода гардид.
Соли 1880 олими англис Франсис Галтон таснифоти системаи изи ангуштонро оғоз намуд. Баъди чанд сол ин система аз тарафи комиссари полиси Лондон Эдвардом Генри сода карда шуда, дар ҳама кишварҳо ҳамчун воситаи муайянкунии шахсият дар кушодани ҷиноятҳо паҳн шуд.
Имрӯз дар аксари таваллудхонаҳои кишварҳои дунё изи кафи пойи тифлони навзод гирифта мешавад. Чунки бо ин роҳ низ метавон шахсияти инсонро муайян намуд.


