Сураи Анъом Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 3

وَهُوَ اللَّهُ فِي السَّمَاوَاتِ وَفِي الْأَرْضِ ۖ يَعْلَمُ سِرَّكُمْ وَجَهْرَكُمْ وَيَعْلَمُ مَا تَكْسِبُونَ ٣

Ва Ҳуваллоҳу фи-с-самавати ва фи-л-арзи яъламу сирракум ва ҷаҳракум ва яъламу ма таксибун. 3.

3. Ва Ӯст Аллоҳ дар осмонҳо ва дар Замин, медонад пинҳони шуморо ва ошкорои шуморо ва он чӣ касбу кор мекунед, медонад.

Албатта, назди ҳама аҳли имон бе шакку шубҳа муқаррар аст, ки холиқи Замину осмонҳо Аллоҳи ягона аст. Чи сирре, ки бандаҳо дошта бошанд, ҳамаи онҳоро медонад. Ҳеҷ чиз назди Ӯ таъоло махфӣ намемонад. Ҳар чизи ошкоро низ медонад. Аз он ҷумла, касбу кори бандаҳоро, хоҳ ширк оранд ва ё имон оранд, хоҳ кори бад кунанд ва ё кори нек, ҳамаро Ӯ таъоло медонад. Мукофоту ҷазо мувофиқи амали ҳар инсон муқаррар аст. Вақто ки чунин аст, лозим аст, ки Ӯро илоҳи ягона донист, ба Ӯ имон бояд овард ва мувофиқи гуфти Ӯ ҳаёт гузаронид. Ибни Касир мегӯяд, ки тасарруфи ҳама осмонҳо ва Замин ва он чи ки дар онҳост, ҳама дар ихтиёри Ӯст. Ҳар махлуқе, ки дар осмонҳо ва Замин ҳаст, маҳз Ӯро бояд парастанд ва ба ягонагии Ӯ, чи дар исмҳо ва чи дар сифатҳо, бояд иқрор бошанд. Ҳам аз рӯйи тарсу ҳам аз рӯйи рағбат назди Ӯ бояд дуъо кунанд ва Ӯро Парвардигори худ донанд.

Хулоса, мазмуни аслии ин сура ҳуҷҷатронӣ алайҳи мушрикон ва мункирони баъсу нушур буда, оид ба мустаҳкам сохтани ақидаи дурусти исломӣ дар ниҳоди ҳар инсон баҳс мекунад. Дар воқеъ, се ояти қаблӣ чун муқаддима барои ин мавзӯъ истифода шудааст. Акнун ояти зер аз гарданкашӣ ва рӯйгардонии зумраи инсонҳое, ки ба мазмуни се ояти боло чандон бовар надоранд ё бовар доранду ба он амал намекунанд, сухан мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)