Сураи Анъом Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 30

وَلَوْ تَرَىٰ إِذْ وُقِفُوا عَلَىٰ رَبِّهِمْ ۚ قَالَ أَلَيْسَ هَٰذَا بِالْحَقِّ ۚ قَالُوا بَلَىٰ وَرَبِّنَا ۚ قَالَ فَذُوقُوا الْعَذَابَ بِمَا كُنْتُمْ تَكْفُرُونَ ٣٠

Ва лав тара из вуқифу ъала Раббиҳим. Қола а-лайса ҳаза би-л-ҳаққ. Қолу бала ва Раббина. Қола фазуқу-л ъазаба би ма кунтум такфурун. 30.

30. Ва агар бубинӣ чун ба ҳузури Парвардигорашон истода карда шаванд, Аллоҳ бигӯяд: «Оё ин дуруст нест?». Гӯянд: «Оре! Қасам ба Парвардигори мо, дуруст аст». Аллоҳ гӯяд: «Пас, бичашед азобро ба сабаби он ки кофир будед!».

Аҳволи дигари кофирону мушрикон, чуноне ки ояти мавриди назар баён мекунад, ин аст, ки дар рӯзи қиёмат онҳоро назди Аллоҳ таъоло рост медоранд ва ҳисобу китоб мекунанд. Агар дидан мумкин бошад, мебинӣ, ки ҳавлу даҳшат ва тарсу ваҳми аз тасвир берун онҳоро фаро гирифтааст. Зеро Аллоҳ таъоло аз онҳо мепурсад, ки шумо дар дунё Биҳишту Дӯзах, зинда гардонидани баъди маргро ва дигар аҳволи рӯзи қиёматро мункир будед. Ҳоло онҳоро бо чашмони худ дида истодаед. Оё он ҳама ҳаққу рост нестанд? Шумо ҷазоҳои ин рӯзро мункир будед, оё онҳо дар ин рӯз вуҷуд надоранд? Чун дар он рӯз ҳақиқат барои онҳо ошкор мешавад, на бо сухани оддӣ, балки бо қасам суханашонро таъкид намуда мегӯянд, ки оре! Ба Парвардигори худ қасам мехӯрем, ки ҳар он чи ки ҳоло мо дида истодаему онҳоро дар дунё инкор мекардем, ҳама ҳақу рост будаанд. Чун онҳо ба дурӯғгӯйии худ бо дидани ҳақиқати аҳволи қиёмат эътироф мекунанд, бори дигар Аллоҳ таъоло ба онҳо ҳукм намуда мегӯяд, ки шумо ҳамаи ончиро, ки дида истодаед, дар дунё инкор мекардед, пас подоши аъмоли хеш, яъне ин азобҳоро бичашед.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)