Тафсири Сураи Анъом Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 29
وَقَالُوا إِنْ هِيَ إِلَّا حَيَاتُنَا الدُّنْيَا وَمَا نَحْنُ بِمَبْعُوثِينَ ٢٩
Ва қолу ин ҳия илла ҳайатуна-д дунйа ва ма наҳну би мабъусӣн. 29.
29. Ва гуфтанд: «Нест зиндагӣ, магар зиндагонии мо дар дунё ва нестем аз қабр барангехташавандагон».
Ақидаи шахсоне, ки ба Ҷаҳаннам абадӣ маҳкум мешаванд, дар ин оят идома дорад. Яъне чун онҳо Ҷаҳаннамро мебинанд, афсӯс мехӯранд ва ба дунё бозгаштанро орзу мекунанд. Зеро чун дар дунёи фонӣ буданд ба Биҳишту Дӯзах, ба суолу ҷавоб дар қабр, ва ҳатто ба вуқӯи ногузири қиёмат бовар надоштанд. Онҳо мегуфтанд, ки зиндагӣ ин зиндагии ҳамин дунёст, ҷуз он зиндагии дигаре нест, мо ҳамаи тавоноиямонро барои сомондиҳӣ ва баҳрабардории ин дунё равона мекунем, ҳаргиз барои охират кор намекунем, зеро он вуҷуд надорад. Ҷавоби чунин шахсони ҷоҳил дар оятҳои қаблӣ дода шуд ва оятҳои баъдӣ ҳам ҷавобро идома медиҳанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «