Сураи Анъом Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 31

قَدْ خَسِرَ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِلِقَاءِ اللَّهِ ۖ حَتَّىٰ إِذَا جَاءَتْهُمُ السَّاعَةُ بَغْتَةً قَالُوا يَا حَسْرَتَنَا عَلَىٰ مَا فَرَّطْنَا فِيهَا وَهُمْ يَحْمِلُونَ أَوْزَارَهُمْ عَلَىٰ ظُهُورِهِمْ ۚ أَلَا سَاءَ مَا يَزِرُونَ ٣١

Қад хасира-л лазӣна каззабу би лиқаиллаҳ. ҳатта иза ҷиатҳуму-с-саъату бағтатан қолу йа ҳасратана ъала ма фарратна фӣҳа ва ҳум яҳмилуна авзараҳум ъала зуҳуриҳим. Ала саа ма язирун. 31.

31. Ононе ки мулоқоти бо Худоро дурӯғ ҳисобиданд, дарҳақиқат зиён карданд. Чун онҳоро қиёмат ногаҳон биёяд, гӯянд: «Эй ҳасрат бар мо, бар он чӣ, ки дар ҳаёти дунё кӯтоҳӣ кардем». Ва онҳо гуноҳони худро бар китфҳои худ бардоранд. Огоҳ шавед, бад чиз аст он чиро, ки бардоштаанд!

Аллоҳ таъоло дар ин оят аз ҳолати шахсони мункири аҳволи қиёмат бори дигар хабар додааст, ки дар ҳақиқат касоне, ки дар қиёмат бо Аллоҳ рӯ ба рӯ шуданро дурӯғ ҳисобидаанд, зиёни калоне кардаанд. Агар онҳо ин нобоварии худро то вуқӯи қиёмати суғро (марг) ё қиёмати кубро идома диҳанд, ба ғайр аз ҳасрату надомат аз дасташон чизи дигаре намеояд. Дар он ҳолат бинобар он кӯтоҳиҳое, ки дар дунё карданд, ҳақ будани рӯзи қиёматро тасдиқ накарданд, ҳатто ба он хабар аҳамияте ҳам надоданд, сад ҳасрат, сад афсӯс ва сад дареғ ба мо гӯён бо нолаю зорӣ барои аз даҳшат ва азоб халос шудан ёрӣ талабанд ҳам, барои онҳо фоидае нест. Илова бар ин, чуноне ки охири ин оят ишора мекунад, ҳар гоҳе онҳо аз қабрҳояшон бармехезанд, бар кифту дӯши онҳо гуноҳҳояшон бор карда мешавад. Бинобар ин, Худованд гуфтааст, ки ин бисёр бори бадест, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекунад. Бо ривояти Абӣ Ҳотам аз Абӣ Марзуқ: Вақто ки кофир ё фоҷир аз қабраш бармехезад, чизеро мебинад, ки бисёр сурати баду хунук ва бисёр бӯйи бад дорад, пас аз ӯ мепурсад, ки ту кистӣ? Ӯ мегӯяд, ки оё ту маро нашинохтӣ? Вай мегӯяд: “Ба Аллоҳ қасам, ки ман туро нашинохтам. Ман ҳамон қадар туро шинохтам, ки Худо бисёр туро қабиҳу хунукрӯ ва бисёр бадбӯй халқ кардааст.” Дар ҷавоб он сурат мегӯяд, ки он амалҳои баде, ки дар дунё мекардӣ, ман ҳамонам. Ту дар дунё маро савор мешудӣ, акнун дар ин дунё ман туро савор мешавам. Ривояти дигаре аз Саддӣ омадааст, ки ҳар вақте ки марди бадкору золим дохили қабраш мешавад, марди рангаш сиёҳ, бадрӯю бадбӯй, бо либосҳои чиркин ҳамроҳи ӯ дохили қабр мешавад. (Мард) чун ӯро (ҳамроҳи худ) мебинад, мегӯяд: “Ин қадар бадсурат ҳастӣ?” Вай мегӯяд: “Ҳамчунин амали ту низ бадин ҳол буд.” Ӯ мегӯяд: “Ин қадар либосҳои ту чиркин аст?” Вай мегӯяд: “Амали ту низ чиркин буд. Хулоса, дар охир мегӯяд: Ту кистӣ? Вай мегӯяд: “Ман аъмоли дар дунё содиркардаи ту ҳастам.” Ровӣ мегӯяд, ки он мард ҳамроҳи вай дар қабр мемонад. Чун рӯзи Қиёмат ӯ аз гӯр мехезад, амалаш ба вай мегӯяд: “Ман туро дар дунё бо лаззатҳо ва шаҳватҳо бардошта будам, акнун ту имрӯз маро мебардорӣ!” Ровӣ мегӯяд он амали бад бар китфи соҳиби худ савор мешавад, қомати ӯро хам мекунад, ҳатто ӯро дохили нор месозад. Ояти зер такмилкунандаи маънои ояти боло аст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)