Анвоъи Ҳаҷ – Намудхои Хач (Ҳаҷи фарзӣ ва ҳаҷи умра)

0

Анвоъи Ҳаҷ (шарҳи Чоркитоб) – Намудҳои Ҳаҷ (Ҳаҷи фарзӣ ва ҳаҷи умра). Ҳаҷи акбар ва ҳақи асғар маълумоти пурра. Анвоъи Хач – Намудхои Хач (Хачи фарзи ва хачи умра). Хачи акбар ва хаки асгар.


макка каъба

Ҳаҷ ду навъ мешавад ва бо ду ном шинохта мешаванд:

1- Навъи аввал ҳаҷи фарзӣ, ки онро ҳаҷи акбар меноманд.

2- Навъи дуввум ҳаҷи суннатӣ, ки онро умра ва ҳаҷи асғар меноманд.

Ҳаҷи умра аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ ва моликӣ суннати муаккада ва аз дидгоҳи уламои шофеъӣ ва ҳанбалӣ фарз аст. Аммо агар ҳаҷи умраро ният бикунад ва қабл аз ба итмом расониданаш фосидаш кард, ба иҷмоъи фуқаҳои чаҳор мазҳаб қазо доштани умра воҷиб аст. Зеро Аллоҳ таоло дар ояти 198 сураи “Бақара” чунин фармудааст:

{وَأَتِمُّوا الْحَجَّ وَالْعُمْرَةَ لِلَّهِ} (البقرة: 196)

“Ва ҳаҷу умраро барои Аллоҳ ба поён бирасонед”.

Аз дидгоҳи уламои ҳанафӣ ва моликӣ ояти 33 сураи “Муҳаммад” низ бар воҷиб шудани қазои тамоми амалҳои ботил кардашуда далолат мекунад:

 {وَلَا تُبْطِلُوا أَعْمَالَكُمْ} (محمد: 33)

“Ва амалҳоятонро ботил макунед”.

Ҳукми умраро дар мазҳаби мо дар “Баҳри роиқ” чунин баён кардааст:

“وفي البحر الرائق شرح كنز الدقائق ومنحة الخالق وتكملة الطوري -3/ 63: وَهِيَ سُنَّةٌ أَيْ الْعُمْرَةُ سُنَّةٌ مُؤَكَّدَةٌ، وَهُوَ الصَّحِيحُ فِي الْمَذْهَبِ،..”.

“Умра суннат, яъне суннати муаккада аст ва муаккада буданаш қавли саҳеҳ дар мазҳаб аст”.

Дар “Ҳошияи Таҳтовӣ” мазҳаби ҳанафиро чунин баён кардааст:

“وفي حاشية الطحطاوي على مراقي الفلاح شرح نور الإيضاح –ص: 740: فصل العمرة سنة أي مؤكدة على المذهب وصحح في الجوهرة وجوبها”.

“Умра дар мазҳаби ҳанафӣ суннат, яъне суннати муаккада мебошад ва дар “Ҷавҳара” воҷиб буданашро саҳеҳ гуфтааст”


Мавсими ҳаҷи Умра ва ҳаҷи Фарзӣ

Мақолаи қаблӣДилафруз Қурбонӣ (маълумот, зиндагинома) – Розҳои оиладорӣ
Мақолаи баъдӣМавсими ҳаҷи Умра ва ҳаҷи Фарзӣ