Мавсими ҳаҷи Умра ва ҳаҷи Фарзӣ

0

Ҳаҷи фарзӣ кадом вақт аст? Вақти ҳаҷи фарзӣ. Мавсими ҳаҷи Умра ва ҳаҷи Фарзӣ. Хачи фарзи кадом вакт аст? Вакти хачи фарзи. Мавсими хачи Умра ва хачи Фарзи.

Мавсими ҳаҷи Умра

Мавсими ҳаҷи умра тамоми сол аст, ба ҷуз дар панҷ рӯз:

  1. Рӯзи иди рамазон, яъне якуми моҳи шаввол.
  2. Рӯзи иди қурбон, яъне даҳуми моҳи зулҳиҷҷа.
  3. Се рӯзи аёми ташриқ, яъне ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми моҳи зулҳиҷҷа.

Мавсими ҳаҷи Фарзӣ

Мавсими ҳаҷи фарзӣ моҳҳои маҳдуд ва мушаххас мебошанд ва дар ин маврид Аллоҳ таоло дар ояти 197 сураи “Бақара” чунин фармудааст:

{الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَعْلُومَاتٌ}  (البقرة : 197)

“Мавсими ҳаҷ моҳҳои маълум ва мушаххас мебошанд”.

Дар  ривояти “Мустадрак” бо санади саҳеҳ дар мавриди кадом моҳҳо будани моҳҳои ҳаҷ дар ояти мазкур саҳобии бузургвор Абдуллоҳ ибни Умар разияллоҳу анҳумо чунин гуфтааст:

“عَنِ ابْنِ عُمَرَ، {الْحَجُّ أَشْهُرٌ مَعْلُومَاتٌ} (البقرة: 197) قَالَ: «شَوَّالٌ، وَذُو الْقَعْدَةِ، وَعَشْرٌ مِنْ ذِي الْحِجَّةَ» (كذا في المستدرك على الصحيحين للحاكم -2/ 303/ 3092 – هَذَا حَدِيثٌ صَحِيحٌ عَلَى شَرْطِ الشَّيْخَيْنِ، وَلَمْ يُخَرِّجَاهُ والتعليق – من تلخيص الذهبي- 3092 – على شرط البخاري ومسلم).

“Шаввол аст ва зулқаъда ва даҳ рӯзи зулҳиҷҷа”, яъне ду моҳу даҳ рӯз.

Аз дидгоҳи ҷумҳури фуқаҳо, яъне ҳанафиҳо, шофеъиҳо ва ҳанбалиҳо мавсими ҳаҷ шаввол аст ва зулқаъда ва даҳ рӯзи зулҳиҷҷа, ҳамчуноне Ибни Умар разияллоҳу анҳумо гуфтааст, яъне ду моҳу даҳ рӯз.

Аммо аз дидгоҳи моликимазҳабон тамоми моҳи зулҳиҷҷа аз моҳҳои ҳаҷ мебошад, ки дар маҷмуъ се моҳи комил мавсими ҳаҷ идома мекунад.


Анвоъи Ҳаҷ – Намудхои Хач (Ҳаҷи фарзӣ ва ҳаҷи умра)

Мақолаи қаблӣАнвоъи Ҳаҷ – Намудхои Хач (Ҳаҷи фарзӣ ва ҳаҷи умра)
Мақолаи баъдӣАнвоъи ҳаҷи Фарзӣ – намудхои Хачи Фарзи