Сураи Аъроф Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф Ояти 9

وَمَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَأُولَٰئِكَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ بِمَا كَانُوا بِآيَاتِنَا يَظْلِمُونَ ٩

Ва ман хаффат мавазӣнуҳу фа улаика-л-лазӣна хасиру анфусаҳум би ма кану би айатина язлимун. 9.

9. Ва ҳар киро паллаи амалҳои вазншудаи ӯ сабук бошад, пас, он гурӯҳ дар ҳаққи хештан зиён карданд ба сабаби он, ки оятҳои Моро инкор мекарданд.

Аллоҳ таъоло зимни ин оятҳо яке аз марҳалаҳои рӯзи қиёматро баён кардааст, ки дар он рӯз бе ягон зарра зулм амалҳои дар дунё басомонрасондаи ҳар кас бо тарозу(-и хос ва мувофиқ ба он рӯз) дар ҳақиқат вазн карда мешавад ва он ҳақ аст. Ҳамчунин дар ояти 47-уми сураи “Анбиё” омадааст: «Дар миён ниҳем тарозуи адлро рӯзи қиёмат, пас ситам карда нашавад бар ҳеҷ кас ҳеҷ чизеро. Агар бошад амали ӯ миқдори донаи кӯкнор, ҳозир кунем онро…» то охири оят.

Ҳамчунин Аллоҳ таъоло дар ояти 40-уми сураи “Нисо” гуфтааст: «Ҳар ойина, Аллоҳ таъоло ситам намекунад вазни зарраеро. Агар он амал нек бошад, онро ду чанд кунад ва бидиҳад аз назди Худ аҷри бузургро».

Ҳамчунин дар сураи “Қориъаҳ”, оятҳои 6-7-8-9 фармудааст: «Касеро гарон шавад паллаҳои ҳасаноти ӯ, пас он шахс дар айши писандида аст ва аммо ҳар киро сабук шуд паллаҳои аъмоли ҳасаноти ӯ, пас ҷои он шахс Ҳовияҳ (яке аз номҳои Ҷаҳаннам ё номи яке аз водиҳои он) бошад».

Ба ин мазмун оятҳои фаровоне дар Қуръони карим вуҷуд дорад, ки маънои ҳамдигарро таъкид ва пурра мекунанд. Ҷумлаи охири ояти мазкур ҳам, чунин фармудааст, ки пас ҳар касеро, ки паллаи тарозуи аъмоли (амалҳои) хуби ӯ сангин ояд, ӯ аз ҷумлаи растагорону наҷотёфтагон аст. Оре! Мо имон бар он дорем, ки рӯзи қиёмат ба василаи тарозу амалҳои инсонҳо, агарчӣ онҳо араз (беҷисм) бошанд ҳам, бо ривояти Ибни Аббос (р) онҳоро ҷисм гардонида дар тарозу санҷида мешаванд. Яке аз марҳалаҳои рӯзи қиёмат ин буд, ки аъзои бадани инсон ба он амалҳое, ки дар дунё содир карда буданд, гувоҳӣ медиҳанд. Бинобар иттифоқи ҷумҳури уламо номаҳои аъмол дар он рӯз бо тарозуе, ки дорои шайнак ва ду палла аст, гузошта мувофиқи адли Илоҳӣ вазн карда мешаванд. Аммо акси гуфтаҳои боло ҳар шахсеро рӯзи қиёмат паллаи аъмоли ҳасаноти (амалҳои неки) ӯ сабуку паллаи гуноҳҳояш сангин ояд, он кас аз гурӯҳи зиёнкорон аст. Ӯ аз гурӯҳест, ки муқтазо ва маънои оятҳои Аллоҳ таъолоро инкор кардааст. Он аз гурӯҳест, ки лоиқу сазовори маънои оятҳои Илоҳӣ амал накарда, таъзиму эҳтироми онҳоро ба ҷо наоварда, ба онҳо куфр варзидааст.

Хулоса, кайфият ва навъи тарозуи санҷиши амалҳо аз иҳотаи ақлу дониши мо берун аст ва ба донистани он мукаллаф нестем. Зеро дар он ҷаҳон басо ҷизҳоест, ки дар бораашон хабар надорем ва бо он чи Қуърону суннат аз маънои иҷмолии онҳо баён намудааст, иктифо мекунем.

Ояти баъдӣ мақому манзалати инсонро баён мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъроф Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)