Аз «Гилеми паррон» то фатҳи коинот
Одамон парвози парандагонро мушоҳида карда завқ мебурданд. Орзу мекарданд, ки мисли онҳо парвоз кунанд. Дар бораи парвози одамон ҳар гуна афсонаю ривоятҳо мебофтанд. Афсонаи «Гилеми паррон» ё ривояти «Дедал ва Икар» аз ҷумлаи онҳост.
Оҳиста-оҳиста одамон хондану навиштан ва сохтани ҳар гуна чизҳоро ёд гирифтанд. Мурғи оҳанин – ҳавопаймо ҳам месохтагӣ шуданд.

Аввалин ҳавопаймо (самолёт)
Аввалин ҳавопайморо 17-уми декабри соли 1903 дар Амрико бародарон Райт сохтаанд, ки «Флаер-1» ном дошт.

Флаер-1 бори аввал дар баландии қариб се метр 37 метр масофаро дар 12 сония тай кард. Худи ҳамон рӯз ин ҳавопаймо ба масофаи 260 метр парвоз кардааст. Он ҳамагӣ 4 маротиба парвоз кардааст.
Флаер-1 асосан аз чӯб сохта шуда буд. Он танҳо дар сурати вазидани бод ва танҳо аз рӯйи релсҳои мувофиқ парвоз мекард. Дарозии қанотҳояш 12 метр ва вазнаш 283 килограммро ташкил медод.
Ҳавопаймоҳо ниҳоят гуногун мешаванд ва кори одамонро осон мекунанд. Шаҳру мамлакатҳои гуногунро мепайванданд. Аз ин сӯ ба он сӯйи замин дар соатҳои башумор парвоз мекунанд.
Ҳавопаймои (самолёти) калонтарин
Ҳавопаймои аз ҳама калонтарини мусофирбар «Аэрбас А 380» аст. Ин ҳавопаймо аз ду ошёна иборат буда, баландиаш 24 метр аст. Дарозии он 73 метр ва дарозии қанотҳояш 80 метрро ташкил медиҳад. Ин ҳавопаймо якбора метавонад 555 нафар мусофирро аз як макон ба макони дигар бибарад. Он 22 чарх дорад. Ҳавопаймои мазкур каммасраф буда, масофаи то 15 000 кмро бемамониат тай мекунад.
Ҳавопаймои аз ҳама калонтарини боркаш Ан-225 «Мрия» мебошад Паҳноии он шашуним метр буда, дарозии қанотҳояш қариб ба 89 метр баробар аст. Баландии он баробари бинои панҷошёна – 18 метр аст. Дарозии ин ҳавопаймо 43 метрро ташкил дода, то 250 тонна борро бурда метавонад. Ҳавопаймои Ан-225 32 чарх дорад.
Киштиҳои кайҳонӣ
Фатҳи коинот диққати олимони соҳаи гуногунро кайҳо боз ба худ ҷалб карда буд. Бори аввал, пеш аз он ки одам ба кайҳон сафар кунад, бо киштии «Союз» сагеро бо лақаби «Лайка» фиристоданд. Баъди ин таҷрибаи бомуваффақият одамон ба кайҳон роҳ кушоданд. Соли 1961 кайҳоннавард Юрий Гагарин аввалин бор ба кайҳон парвоз кард. Соли 1969 астронавтҳо бо фалакпаймои «Апполон» ба моҳ фуруд омаданд. Олимон то ҳанӯз Моҳро омӯхта истодаанд.


