Дар баробари рушди технология рахнагар(хакер)-ҳо роҳҳои нав ва осонтари рахна намудани дастгоҳҳо ва сомонаҳои интернетиро меҷӯянду меёбанд. Қисме аз ин рахнагарон баҳри инсонҳои аз технология на он қадар бохабар барномаҳои мобилӣ низ месозанд. Имрӯзҳо истифодаи барномаҳои мобилӣ барои рахна кардани рамзи WiFi хеле зиёд мушоҳида мешавад. Ҳатто баъзе нафарон, ки дониши технологии нокифоя доранд, даъво мекунанд, ки тамоми намуди рамзро бо он барномаҳо шикаста метавонанд. Аммо натарсед, ин суханҳо лофзание беш нестанд. Албатта барномаҳои рахнагари рамзҳо воқеан кор мекунанд, вале на то он ҳад ки дилхоҳ рамзро “яктарафа” кунанд.

Ин барномаҳо чӣ гуна кор мекунанд?
Аксарияти барномаҳои рамзшикан бо усули санҷидани рамзҳои гуногун барои дастрасӣ пайдо кардан ба WiFi кор мекунанд. Ин барномаҳо миллионҳо рамзро дар худ нигоҳ медоранд. Ҳангоми рахна кардани WiFi барнома тамоми рамзҳои дар худ нигоҳдоштаашро дар чанд сония месанҷад ва агар рамзи WiFi яке аз рамзҳои барнома бошад, пас рахнагар ба он дастрасӣ пайдо мекунад. Барномаҳои рамзшикан, миллионҳо калидвожаи содаеро ба монанди 12345, 54321, 1234abcd ва ғ. фаро мегиранд. Аз ин рӯ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки набояд аз рамзвожаҳои одӣ истифода бурд. Рамзи мураккаб бояд аз ҳарфҳои хурду калон, рақамҳо ва аломатҳои махсус таркиб ёфта бошад.


