Матни муқаддима
Аз тани Собир ба кирмон қут дод…
Шарҳи матн
1-Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло дар дунё дар баъзе ҳолатҳо мусибатҳо ва сахтиҳоро болои душманонаш ҳамчун азоби барои куфрашон, то ибрат бигиранд ва аз куфр баргарданд, меорад ва инчунин дар баъзе ҳолатҳо мусибатҳо ва сахтиҳоро болои дӯстонаш, ҳамчун имтиҳон ва озмоиш барои имонашон, то дар амал бо сабру шукр кардан барои ҳамагон аҳли имон буданашонро нишон бидиҳанд ва аз гуноҳонашон пок шаванд.
2-Аз ҷумлаи дӯстони Аллоҳ , ки болояш мусибатҳои сахтро овардааст ва ӯ босаброна ҳамаи онҳоро таҳаммул кардаву бо лақаби Собир маъруф гардидааст, ҳазрати Аюб (а) аст.
Далелҳои матн
1-Насаби Аюб алайҳиссалом. Аюб ибни Мувс ибни Зароҳ ибни Раъвоил ибни Алъис ибни Исҳоқ ибни Иброҳим ибни Озар , яъне Ториҳ ибни Ноҳур ибни Арғӯ ибни Сориҳ ибни Фолиҳ ибни Обир ибни Шолиҳ ибни Арфахшад ибни Сом ибни Нӯҳ ибни Ломак ибни Мутавашлиҳ ибни Хунух (Идрис) ибни Муҳлайл ибни Қанаъон ибни Шис ибни Одам алайҳимуссалом аст.
2- Пайғамбарии ҳазрати Аюб алайҳиссалом. Чуноне аз насаби ҳазрати Аюб дониста мешавад ӯ яке аз пайғамбарони аз авлоди ҳазрати Иброҳим аст, вале аз Бани Исроил нест. Зеро Исроил лақаби ҳазрати Яъқуб ибни Исҳоқ аст ва паёғамбарони аз насли фарзандони ӯро Бани Исроил, яъне зурияи ҳазрати Яъқуб меноманд ва ҳазрати Аюб аз насли фарзандони ӯ нест, балки аз насли бародари ҳазрати Яъқуб, яъне аз зурияи Алъис ибни Исҳоқ аст. Ҳазрати Аюб 93 сол умр дидааст ва баъди вай писараш Бушр, ки бо лақаби Зулкифл маъруф аст, Пайғамбар шудааст.
3-Имтиҳони ҳазрати Аюб алайҳиссалом. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ҳазрати Аюбро бо ҳалок кардани амвол ва ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудани ҷасадаш мубтало сохт ва он ҳазрат солҳои дароз бо бемориҳо даст ба гиребон буд ва ҳамаро босаброна таҳамул мекард ва ба ҳеҷ касе шикоят намекард. Баъди гузаштани солҳо дуъо кард ва аз Парвардигораш талаби шифо кард ва Худованд аз фазлу карамаш дубора шифояш дод ва мададаш кард ва ӯ дубора молу мулкаш, балки бештар аз онро молик гардид.
Оре, Аллоҳ таоло ҳазрати Аюбро ибтило ва имтиҳон кард, вале иҳонаташ накардааст ва хору залилаш нагардонидааст. Мутаасифона баъзе ровиён ба қиссаҳои бофтаи аҳли китоб эътимод кардаанд ва ҳолатҳоеро аз сахтиҳои ҳазрати Аюб нақл мекунанд, ки далолат ба иҳонати ошкор мекунанд.
Аз ҳамин ҷиҳат мурод аз қавли Шайх Аттор “Аз тани Собир ба кирмон қут дод”, яъне аз захми баданаш кирм хориҷ шуд на ин, ки кирмҳо баданашро хурдаанд ва ӯро ба хокрӯба андохта бошанд. Зеро ба ҳолате расидан, ки бадани инсонро кирмҳо бихуранд зиллат ва хорист ва Аллоҳ таоло пайғабарашро имтиҳон мекунад, вале иҳонат намекунад ва хору залил намесозад.
4-Анвоъи азоби Аллоҳ таоло. Дар асл макони подошу азоб фардои қиёмат аст ва бузургтарин азоби Аллоҳ таоло дар он рӯз аст, чун он азоб дар дӯзах аст ва азоби дӯзах бисёр мудҳиш буда қатъшаванда нест. Аммо азоби дунявии Аллоҳ таоло барои кофирон аз чанд ҷиҳат аст, ки баъзеи он чунин мебошанд:
1-Решакан кардани амале, ки вуҷуди омилони он боиси интишори фасод дар рӯи замин аст. Чуноне барои бутпарастӣ қавми Нӯҳ ва барои ливота қавми Лӯт алайҳимассаломро ҳалок кардааст. Дар ин мавзӯъ дар ояти 45 сураи “Анъом” чунин фармудааст:
{فَقُطِعَ دَابِرُ الْقَوْمِ الَّذِينَ ظَلَمُوا … } )الأنعام: 45 (
“Пас насли касоне, ки ситам мекарданд, решакан карда шуд….”.
2-Як қавмеро аз ҷумлаи даҳҳо қавми сазовори ҳалокат решакан мекунад, то дигаронашон битарсанд ва ибрат бигиранд ва аз роҳи хато баргарданд. Дар ин мавзӯъ дар ояти 27 сураи “Аҳқоф” Аллоҳ таоло чунин гуфтааст:
{وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا مَا حَوْلَكُمْ مِنَ الْقُرَى وَصَرَّفْنَا الْآيَاتِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ} )الأحقاف: 27(
“Ҳамоно мо деҳаҳои дар атрофатон бударо нобуд кардем ва нишонаҳои қудратмандии худро ба таври гуногун барояшон нишон додем, бошад ки баргарданд”.
Дар ояти 51 сураи “Қамар” ин матлабро чунин баён кардааст:
{وَلَقَدْ أَهْلَكْنَا أَشْيَاعَكُمْ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ} )القمر: 51(
“Ва ба ростӣ амсоли шуморо нобуд кардем, пас оё пандпазире ҳаст”?
Агар Аллоҳ таоло ҳамаи душманонашро дар дунё азоб медод, ҳеҷ кофире дар олам боқӣ намемонд, пас азоби бузург дар пеш аст. Чуноне дар ояти 21 сураи “Саҷда” мефармояд:
{وَلَنُذِيقَنَّهُمْ مِنَ الْعَذَابِ الْأَدْنَى دُونَ الْعَذَابِ الْأَكْبَرِ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ} )السجدة: 21(
“Ва ба яқин азоби дунёро пеш аз азоби бузург барояшон мечашонем, бошад ки боз гарданд”.
Аммо азобу сахтиҳои болои мусулмонон омада низ сабабҳо дорад, ки баъзе онҳо чунин аст:
1-Аз ҷиҳати дар имтиҳон гирифтани сабру таҳамул ва суботу мустаҳкамии дину имонамон. Дар ин мавзӯъ дар ояти 155 сураи “Бақара” Аллоҳ таъоло мефармояд:
{وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ وَبَشِّرِالصَّابِرِينَ}(البقرة :155)
“Ва албатта шуморо ба чизе (аз сахтиҳо ва душвориҳо) аз қабили тарсу ваҳшат, гуруснагӣ, ва талафоту зиёни молӣ ва ҷонӣ ва кам шудани ҳосил меозмоем ва сабркунандагонро мужда бидеҳ”.
2-Мусулмонон мутобиқи мустаҳкамии дину имонашон мавриди имтиҳон қарор мегиранд ва ҳар касе дину имонаш боқувваттар бошад сахтиҳояш бештар хоҳанд буд. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади ҳасан Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
“يُبْتَلَى الرَّجُلُ عَلَى حَسَبِ دِينِهِ فَإِنْ كَانَ دِينُهُ صُلْبًا اشْتَدَّ بَلَاؤُهُ وَإِنْ كَانَ فِي دِينِهِ رِقَّةٌ ابْتُلِيَ عَلَى حَسَبِ دِينِهِ» (رواه احمد فی المسند :1:180 عن سعد بن ابي وقاص …وقال شعيب الأرنؤوط :إسناده حسن.)
“Ҳар бандае ба миқдори дину имонаш мавриди имтиҳон қарор мегирад. Пас агар дину имонаш пурзӯр бошад, миқдори он балоҳо ва мусибатҳо барояш сахттар мешаванд ва агар дину имонаш заъиф бошанд, миқдори он мавриди озмоиш қарор мегирад”.
Аз ҳамин ҷиҳат дар ривояти “Муснади Имом Аҳмад” бо санади саҳеҳ лиғайриҳи Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
” إِنَّ مِنْ أَشَدِّ النَّاسِ بَلَاءً الْأَنْبِيَاءَ، ثُمَّ الَّذِينَ يَلُونَهُمْ، ثُمَّ الَّذِينَ يَلُونَهُمْ، ثُمَّ الَّذِينَ يَلُونَهُمْ “. (كذا في مسند أحمد ط الرسالة -45/ 10 27079 – – عَنْ أَبِي عُبَيْدَةَ بْنِ حُذَيْفَةَ، عَنْ عَمَّتِهِ فَاطِمَةَ..”. (و حكم المحقق صحيح لغيره )
“Аз ҷумлаи мардум касоне, ки ба шадидтарин балоҳо гирифтор мешаванд пайғамбаронанд ва баъди онҳо касони ба онҳо наздик буда (мисли саҳобагон) ва баъди онҳо касони ба онҳо наздик буда (мисли тобеъин) баъди онҳо касони ба онҳо наздик буда (мисли табаъаи тобеъин) “.
Ҳеҷ шаке нест, ки ҳазрати Аюб (а) пайғамбар аст ва аз содир шудани гуноҳони кабира маъсум ва маҳфуз аст ва агар лағжише аз он бузургвор содир шуда бошад, он аз гуноҳони сағира аст ва гуноҳони сағираро ҳасанот, яъне таҳорату намоз, рӯзаву истиғфор ва ғайра маҳв месозанд. Пас он мусибатҳои бар сараш омада барои озмоиш ва рафъи дараҷот ва ибрат шуданаш барои пайравонаш ва барои бақияи мусулмонони олам дар сабр кардану собит мондан дар дин аст.
Аммо чунин сахтиҳо барои ғайри пайғамбарон сабаби маҳв шудани гуноҳонашон мешавад. Дар ин мавзӯъ дар ривояти “Сунани Тирмизӣ” бо санади саҳеҳ Пайғамбар (с) чунин гуфтааст:
{مَا يَزَالُ الْبَلَاءُ بِالْمُؤْمِنِ وَالْمُؤْمِنَةِ فِي نَفْسِهِ وَوَلَدِهِ وَمَالِهِ حَتَّى يَلْقَى اللَّهَ وَمَا عَلَيْهِ خَطِيئَةٌ} (و أخرجه الترمذى 4/520 رقم 2399 عن ابي هريرة ….وقال:حسن صحيح وحكم المحقق: حسن صحيح)
“Ҳамеша бало мусулмонони марду занро дар нафсашон ва фарзанду молашон дунболгир аст (ва замоне чунин мусулмони бо балоҳо гирифтор бо сабру шукр ва собитӣ дар дину имонаш балоҳоро пушти сар мекунад ва мемирад) ва замоне фардои қиёмат бо парвардигораш мулоқот мекунад, ҳеҷ гуноҳе бар вай боқӣ нест”.


