Нияти намози Шом

0

Намози шом дорои 5 ракаъат намоз мебошад, ки аз ин 3 ракаъат фарз ва 2 ракаъат суннат мебошанд.

Вақти намози шом аз фурӯ рафтани офтоб то ғоиб шудани шафақи сурх мебошад. (Шафақ он сурхие мебошад, ки баъди фурӯ рафтани офтоб зоҳир мегардад.)

намози шом, масҷид, масчид точики

Нияти фарзи намози Шом

Ният кардам бигзорам се ракаъат фарзи намози шом. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”

Нияти суннати намози Шом

Ният кардам бигзорам ду ракаъат суннати намози шом. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”


Агар намозгузор мард бошад ва бо ҷамоа намоз хонанд, шахсе, ки аз қафои имом намоз мехонад, ҳангоми нияти фарз баъд аз калимаи “Каъба” ҷумлаи “иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода”-ро зам мекунад. Яъне нияти намозгузор бо ҷамоа чунин аст:

Нияти фарзи намози Шом (бо ҷамоа)

Ният кардам бигзорам се ракаъат фарзи намози шом. Вақте ки бар ман аст рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам бо имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таъоло “Аллоҳу Акбар”


Намози Шом, тарзи намоз хондан, нияти намози шом, намози шом ният, кардан

Мақолаи қаблӣНияти намози Аср
Мақолаи баъдӣНияти намози Хуфтан