Аз таърихи Галстук

0

Галстук таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз аз давраи қадим мардон пораи матоъро дар гардан меовехтанд. Он аз калимаи олмонии «halstuch» (пештар «krawatte») гирифта шуда, маънояш «рӯймолчаи гардан» аст.

мард, марди набувад фитодаро пой задан

Дар забони украинӣ галстук «краватка» талаффуз мешавад, аммо ин ба «кровать» – и русӣ ягон алоқамандӣ надорад. Ба кроатияи хорватӣ мутааллиқ аст. Зеро нахустин шуда сарбозони хорватӣ дар паради ҳарбии бахшида ба анҷоми ҷанги сисола иқдоми пӯшидани «fascalia» – ро (чунин ном дошт рӯймолчаи гардан дар Рим) пеш гирифтанд. Дар Рим галстук ба хотири ҳифзи гардан аз теғи шамшер ва дигар олоти ҳарбӣ баста мешуд.

Подшоҳи Фаронса Лудовики XIV, ки дӯстдори зебоӣ буд, бо дидани рӯймолчаи дурахшон дар тани сарбозон ба вазири дифоъ Франсуа Мишел фармон дод, ки ҳамчун ороишот ба ӯ чунин рӯймолчаи рангинро дастрас намояд. Ҳамин тавр, соли 1663 дар таърихи пайдоиши галстук саҳифаи нав боз гардид.

Пасон, галстук шакл ва намуди худро ба куллӣ тағйир дод. Он аз рӯймолча ба рӯймоли калон ва дароз то намуди ҳозирааш дигар шуд.

Намуди ҳозираи галстук соли 1924 аз ҷониби тарроҳи амрикоӣ Ҷеси Дэнгсдорф эҷод шудааст.

Аз таърихи ИЗИ АНГУШТ

Мақолаи қаблӣМуъҷизаи хазрати Мусо дар замони мо
Мақолаи баъдӣАгар Шумо …