Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 2
فَالۡحٰمِلٰتِ وِقۡرًا ٢
Фа-л-ҳамилати виқро. 2.
2. Пас, қасам ба абрҳое ки бардорандагони бори сангини обанд.
Мурод аз «бардорандагон» абрҳоянд ва «бор»-и онҳо борон (об) аст. Пӯшида нест, ки борон раҳмати Худо ва мояи ҳаёти башар аст. Бод ин абрҳоро бинобар ҳукми Худованд ба ҳар сӯ мебарад ва дар вақти муайяну макони муайян оби абрҳо ба Замин дар сурати борон мерезанд. Дар ин оят Аллоҳ таъоло бо абрҳои бори обдору боронрез савганд ёд кардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «