Сураи аз-Зориёт Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 25

اِذۡ دَخَلُوۡا عَلَيۡهِ فَقَالُوۡا سَلٰمًا‌ؕ قَالَ سَلٰمٌ ۚ قَوۡمٌ مُّنۡكَرُوۡنَ‌ ٢٥

Из дахалу ъалайҳи фа қолу салама. Қола саламун қавму-м мункарун. 25.

25. Чун бар ӯ даромаданд, пас, гуфтанд: «Салом!». Ӯ гуфт: «Салом» (ва ба дил гуфт:) «Онҳо гурӯҳе ҳастанд ношинос».

Ҳангоме ки он фариштагони иззатманд дар шакли инсон ва ба сифати меҳмон ба назди ҳазрати Иброҳим (а) даромаданду салом доданд, Расули Худо (а) саломи онҳоро ҷавоб гуфт. Иброҳим (а) гумон кард, ки он меҳмонҳо инсонанд, бо шитоб ба иззату икроми онҳо пардохт. Баъзе муфассирон бар ин ақидаанд, ки Иброҳим (а) дар дил андеша ронд, ки ин қавми ғарибу ноошно кӣ бошанд? Ман онҳоро нашинохтам. Баъзеи дигар гуфтанд, ки ин суханро чунон гуфт, ки меҳмонон нашуниданд. Ба ҳар тақдир худро барои хидмати меҳмонҳои воломақом омода сохт…


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)