Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 32
قَالُـوۡۤا اِنَّاۤ اُرۡسِلۡنَاۤ اِلٰى قَوۡمٍ مُّجۡرِمِيۡنَۙ ٣٢
Қолу инна урсилна ила қавми-м муҷримӣн. 32.
32. (Фариштагон) гуфтанд: «Ҳаройина, мо ба сӯи гурӯҳи гунаҳгор (куффор) фиристода шудаем»,
Фариштагон гуфтанд, ки Аллоҳ таъоло моро барои ҳалоки қавми Лут (а), ки дар рӯйи Замин ба фисқу фуҷур машғул ҳастанд ва аз онҳо гуноҳҳои зиёде сар задааст, фиристодааст. Як гуноҳи кабирае, ки аз он қавм бори аввал сар заду дар рӯйи Замин паҳн шуд, ин ливотабозӣ (гемосексуализм) буд. Ҳазрати Лут (а) ҳарчанд, ки онҳоро аз ин амал наҳй мекард, вале коргар намешуд ва дар охир онҳо ба ғазаби Худо дучор шуданд.
Ин қисса дар сураи «Ҳуд» ва сураи «Ҳиҷр» кушодатар шарҳи худро ёфтааст, ин ҷо бошад, танҳо ишорае шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «