Сураи аз-Зориёт Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 31

۞ قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ اَيُّهَا الۡمُرۡسَلُوۡنَ ٣١

۞ Қола фа ма хатбукум айюҳа-л-мурсалун. 31.

31. Иброҳим гуфт: «Пас, эй фиристодашудагон, мақсади шумо чист?».

Чун барои ҳазрати Иброҳим (а) равшан гашт, ки меҳмононаш фариштагонанд, аз онҳо пурсид, ки мақсади ташрифи шумо чист ва барои чӣ кор омадаед?

Дар тафсири «Байзовӣ» оварда шудааст, ки ҳазрати Иброҳим (а) хуб медонист, ки фариштагон барои ҳар кори майда-чуйда ҷамъ намеоянд, балки кори бузурге онҳоро ба ҳам ҷамъ овардааст. Аз ин хотир аз ташрифи онҳо суол ба миён овард.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)