Як рафтори хуб аз тамоми суханҳои олам хайртар аст. Амали инсон таҷассумгари ҳаёти ӯст. Бо кӣ зиндагӣ кардани ҳар шахс аз амалкарди ӯ вобаста аст. Чӣ гуна, ки бо дигарон рафтор мекунед, бо шумо низ чунин рафтор мекунанд. Ҳар амал подош дорад.
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

Якчанд рафторҳои маъмулии инсониро баҳри шумо гирдоварӣ намудем. Гуфтаҳои зерро сармашқи кори худ кунед, хоҳед дид, ки рафтори дигарон низ нисбати шумо иваз мешавад.
Бар амонат хиёнат макунед;
Аз аҳволатон шикоят макунед;
Бар бузургон амр макунед;
Корҳои нозарурро бо исрор талаб макунед;
Ба касе миннат макунед;
Касеро ҳақорат макунед;
Ба бадӣ майл макунед;
Молҳоятонро беҳуда исроф макунед;
Сиратонро ифшо макунед;
Гуноҳҳоятонро инкор макунед;
Обрӯятонро аз даст мадиҳед.
Манбаъ: Хазинаи маърифат.
Таҳияи Mohammad Sharifzadeh.
Инчунин хонед:

