Равоншиносӣ илмест, ки тамоми хислатҳои ҳамидаву разилаи инсонӣ тавассути он дарк карда мешаванд. Шахсе, ки одамро ба шакли равони ташхис карда мебарояд, ҳодисаеро пешгӯӣ мекунад, вай дар ҳақиқат равоншинос аст. Равоншиносӣ илмест, ки барои чандин касон аҷиб ва зарурӣ менамояд. Донистани ин илм ба он хотир зарур ва аҷиб аст, ки одами некро аз бад фарқ карда мешавад. Масалан, дар бораатон чизҳое ҳастанд, ки Шумо худатон намедонед. Донистан мехоҳед? Пас ин матлаб барои Шумост.

Хотироти инсон чизест, ки дар он тамоми амалҳои кардаи ӯ ҷой дода шудаанд. Агар он қавӣ бошад, шахс ба ду ё се маротиба хондани матне онро забонзада мекунад. Агар заиф бошад, инсон барои матнро аз худ кардан танқисӣ мекашад. Оё боре аз худ пурсидаед, ки чаро хотираатон қавӣ ва ё заиф аст? Санҷидан мехоҳед? Пас 10 рақамро яз ягон матн як бор хонеду бе ягон фикри дигар баъди 30 сония онро аз ёд гӯед. Агар бе ғалат онро талаффӯз кардед, пас хотираи Шумо қавист. Агар натавонистед, пас худатон давомашро медонед.
Биноии инсон чизест, ки шахс тавассути он ҷаҳонро тамошо мекунад. Дар организми инсон бошад, вазифаи биноиро чашм мебозад. Мутаассифона ба баъзе нафарон ин неъматро Парвардигор ато накардааст, вале онҳо гарчанде нобино ҳам бошанд, биноиро ҳис мекунанд. Чунки онҳо аз лаҳзаи таваллуд ба он одат кардаанд. Чашмони Шумо имкони дур ва наздик диданро доранд. Агар каме танқисӣ кашед, айнак ёвари шумост. Боре дарди чашматонро ҳис кардаед? Чаро дард мекунанд? Нафаҳмидед? Агар Шумо барои хондан ва ё тамошои чизе чашматонро маҷбур созед, пас Шумо он вақт дард ва ё мондашавиашро ҳис мекунед. Агар гӯед, ки чашмони ман дардро ҳеҷ гоҳ ҳис намекунанд, ва биноии ман боқувват аст, пас худатонро санҷед. Расмеро, ки аз рангҳои кабуди серанг ва сурх иборат аст, бодиққат назар андозед. Баъди 30 сонияи назар кардан хулоса бароред. Дар он ҳолат Шумо чӣ гуна будани биноиятонро ҳис мекунед.
Бисёриҳо худро аз дигарон беҳтар шуморида мегӯянд, ки ман шабу рӯз кор мекунам ва дар як лаҳза якчанд корро ба сомон мерасонам. Аммо Шумо ин тавр фикр накунед. Ҳеҷ шахсе наметавонад, дар як лаҳза ду ё се амалро иҷро кунад. Фарз кардем касе даъвои тавонистанро мекунаду мегӯяд, ки ман дар ҳолати роҳравӣ инчунин гап мезанам. Ду амалро иҷро кардам ку! Аммо тадқиқотҳои сотсиологӣ исбот кардаанд , ки инсон дар як лаҳза танҳо як амалро иҷро мекунад. Амалҳои дигареро, ки иҷро мекунад, пас аз як сӯ гузоштани амали вуҷуддошта иҷро карда метавонаду халос. Агар Шумо тавонед, ки дар як лаҳза чандин амалро иҷро кунед, пас Шумо дар ҳақиқат муъҷизаи кашфношудаед.
Аз санҷишҳои зикршуда чӣ бардоште гирифтед? Хулосаатонро хоҳ мусбат бошаду хоҳ манфӣ дар шарҳ нависед, то дар мавзӯҳои оянда ба мо кӯмак намоянд.
психология бо забони точики, равоншиноси, асрори равоншиноси.



Ташаккури зиёд барои мақолаи бисёр хуб. Фақат хоҳиш доштам, ки ҳамун мисолҳоеро, мисли расми аз рангҳои кабуду сурх ва матни аз даҳ рақам иборатро дар дохили мақола меовардед боз беҳтар мешуд. Ман ним соат расми кабуду сурхдор кофтам))) Ташаккур.
Ташаккур барои таваҷҷӯҳатон! Дар маводҳои оянда ба инобат мегирем.
Назари шумо:рахмат админда