Тафсири Сураи бакара Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 19
أَوْ كَصَيِّبٍ مِنَ السَّمَاءِ فِيهِ ظُلُمَاتٌ وَرَعْدٌ وَبَرْقٌ يَجْعَلُونَ أَصَابِعَهُمْ فِي آذَانِهِمْ مِنَ الصَّوَاعِقِ حَذَرَ الْمَوْتِ ۚ وَاللَّهُ مُحِيطٌ بِالْكَافِرِينَ ١٩
Ав ка саййиби-м мина-с-самаи фиҳи зулумоту-в ва раъду-в ва барқуй яҷъалуна асобиъаҳум фи озониҳимм мина-с-савоъиқи ҳазара-л-мавт. Валлоҳу муҳиту би-л-кофирин.19.
19. Ё достони онҳо монанди борони бузургест, ки аз Осмон омада, дар вай торикиҳо ва раъду барқ бошад, онҳо аз сабаби овозҳои пурҳайбат ва аз тарси марг ангуштони худро дар гӯшҳои худ дароранд ва ҳол он ки Аллоҳ иҳотакунандаи кофирон аст.
Ин зарбулмасали дигарест, ки Аллоҳтаъоло барои мунофиқон дар ин ду оят изҳор намудааст. Яъне Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ҳоли мунофиқон ҳоли шахсеро монад, ки ӯ дар шаби тор зери борони шадид мондааст ва абри ғафсу сиёҳ осмонро пӯшида, Заминро торик намудааст. Раъду барқ паи ҳам омада ва ӯ бечораро чунон даҳшат фаро гирифтааст, ки куҷо рафтанашро надониста, шояд аз марг наҷот меёбам ва овози раъду барқро нашунавам гуфта, ангуштҳои худро дар гӯшҳояш мехалонаду бо гумони худ халосӣ меҷӯяд. Локин то вақте ки торики ва ғурриши раъду барқ идома дорад, чӣ хел ӯ халос мешавад? Аллоҳтаъоло дар давоми оят фармудааст, ки Аллоҳтаъоло бо қудрату ирода ва хоҳиши худ кофиронро аз ҳама ҷиҳат иҳотакунандааст.
Хулоса, шахсоне, ки сифаташон чунин аст, онҳо халосӣ надоранд ва дар торикии қабр ҳам дармондагонанд. Ояти зер иншоаллоҳ ин мазмунро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «