Ин мақолаи дуввум аз силсила мақолаҳо аст, ки ба чунин саволҳо ҷавоб медиҳем: Чаро бояд издивоҷ кунем? Чаро бояд хонадор шавем ва чаро бояд ОИЛА барпо кунем?

Издивоҷ мисли таҳсили илм кардан аст. Агарчӣ зарурати хондану навиштан ва эҳтиёҷ ба савод, моро ба мактаб мекашад, вале манфиатҳои бисёр ва бештаре аз саводи хондану навиштан дар худ нуҳӯфта дорад. Хеле аз рушдҳо, тавонмандиҳо, имкониятҳои васеъи корӣ ба воситаи илм сурат мегирад, аз ин сабаб сахтиҳову душвориҳои илмомӯзӣ набояд, садди роҳи мо шаванду аз мактаб гурезон шавем. Издивоҷ низ ҳамин хел аст. Издивоҷ гарчӣ ба ниёзҳои ҷинсӣ ва эҳсосоти инсон посӯхгӯ буда, ӯро саршор аз эҳсоси хӯшу ҳаяҷони ширин мегардонад, аммо дар айни ҳол ба василаи заминаҳои талошу фаъолият ва тасмимгирӣ, ки барои инсон фароҳам мекунад, вуҷӯди ӯро пӯхтатар сохта, маҷбураш месозад, аз мадори худбинӣ берун омада, бо чашми дил дигаронро ҳам бубинад, яъне ба фикри дигарон ҳам бошад. Рӯҳу равони ӯро латифтар, меҳрубонтар, хайрхоҳонатару дӯстдоштанитар месозад ва боиси бузӯрг шудани рӯҳи инсон мегардад.
Оила барпо кардан тамоми хусусиятҳои инсон рафтору гуфтор, фикрронӣ, андешаварзӣ хулоса ҳамаи ҷанбаҳои вуҷӯди инсониро мавриди озмоиш қарор медиҳад, ки то ин вақт наозмӯда буданд, зеро қабл аз издивоҷ омилҳои озмоиши хусусиятҳои ҳақиқии фардҳо хеле кам аст, чунки масъулияти зиёде бар дӯш надоштанд. Пас аз издивоҷ вазъият таъғир меёбад. Ҳамин қадар омилҳои озмоянда бисёр мешаванд, ки ба монанди: нигоҳубину таъминоти хонавода, кору фаъолият, бемордории ҳамсару фарзандон ва ғайра.
Издивоҷ баҳрабардории ҷинсӣ, дурӣ аз танҳоӣ, лаззату хӯшгузаронии ҳаёт низ ҳаст, аммо дар паси пардаву умқи мақсади он марҳалаи асосие барои рушду такмил ёфтани инсон аст. Инсон дар натиҷаи издивоҷ метавонад, он қадар дар ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоӣ муваффақ шавад, ки ягон ҷанбаҳои дигари ҳаёти ӯ, ин хусусияти рушди инсонро надоранд. Инсон дар гирдоби масъалаву мушкилоти издивоҷ ғарқ шудан намехоҳад, аз ин рӯ тамоми ақлу хирад, тавоноиву имконияташро истифода бурда, паи халосиаш чораҷӯӣ мекунад ва аксари вақт муваффақ ҳам мешавад. Ин ҳама тамрини хубест, барои тавонотар, оқилтар ва ҳушмандтар шудани инсон. Албатта баъзе шахсоне ҳам ҳастанд, ки аз мушкилот ҳарос доранд, ба ин тарафи масъала таваҷҷӯҳ намекунанд, ки бояд нотарсона вориди саҳнаи мушкилот шавем. Тарс аз мушкилоти издивоҷ моро набояд аз издивоҷ кардан нигаҳ дорад. Магар мо ба хотири мушкилоти таҳсил, аз хондан рӯ мегардонем? Ё кор сахту вазнин аст гуфта, аз кор кардан даст мекашем? Ҳаёт бо пастиву баландиҳо, талхиву шириниҳояш зебост.

