Тафсири Сураи бакара Ояти 268 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 268
ٱلشَّيۡطَٰنُ يَعِدُكُمُ ٱلۡفَقۡرَ وَيَأۡمُرُكُم بِٱلۡفَحۡشَآءِۖ وَٱللَّهُ يَعِدُكُم مَّغۡفِرَةٗ مِّنۡهُ وَفَضۡلٗاۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ ٢٦٨
Аш-шайтону яъидукуму-л-фақра ва яъмурукум би-л-фаҳшаъ. Валлоҳу яъидукум-м мағфирата-м минҳу ва фаЗло. Валлоҳу восиъун Ъалим. 268.
268. Шайтон ба шумо тангдастиро ваъда медиҳад ва ба беҳаёгӣ мефармояд. Ва Худованд аз ҷониби Худ омурзиш ва неъмат доданро ваъда медиҳад. Ва Худованд фарохнеъмати доност.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло фармудааст, ки эй фарзанди Одам, агар шумо хоҳед, ки чизеро дар роҳи Аллоҳ нафақа ё садақа диҳед, шайтон шуморо бо васвасаҳои худ аз тангдастӣ метарсонад ва ба бахилӣ тела медиҳад. Кор ба дараҷае мерасад, ки шумо, ҳатто закот доданро ҳам намехоҳед. Шуморо аз камбағалӣ метарсонад, шуморо ба корҳои гуноҳ, ҳаром ва хилофи фармудаҳои Холиқи худ амр мекунад. Ҳол он ки Аллоҳтаъоло барои шахсоне, ки дар роҳи ризои Аллоҳ молҳои худро садақа медиҳанд, мағфирати гуноҳонро ваъда додааст ва ҷойнишини он моли сарфшударо беҳтар ва барзиёд бармегардонад. Ба онҳо дар рӯзиашон кушоишу фарохиро ваъда дода, дар охират беҳтару бештар ва зеботар аз он моли сарфшуда, подоши муносиб ато фармояд.
Дар давоми оят, Аллоҳтаъоло ишора ба ин ҳақиқат намуда, фармудааст, ки Худованд қудрати васеъ ва илми бепоён дорад, метавонад ваъдаи хешро амалӣ гардонад ва фазлу атои бисёре барои шумо кунад. Бинобар ин, ба ваъдаи Аллоҳ бояд дилгарм шуд, на ба ваъдаи шайтони фиребкор, ки ӯ аз оянда огоҳ нест. Ибни Абиҳотам ва дар охир аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ҳадисеро аз Расулуллоҳ (с) зимни ояти мазкур ривоят карданд, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Аз писари Одам барои шайтон ҳиссае ҳаст ва аз барои фаришта ҳам инчунин ҳиссае ҳаст. Аммо ҳиссаи шайтон он аст, ки инсонро ба эҷоди корҳои бад ва дурӯғ ҳисобидани корҳои ҳақ тела медиҳад. Аммо ҳиссаи фаришта он аст, ки инсонро ба эҷоди корҳои хайр ва тасдиқи ҳақ ташвиқ мекунад. Пас шахсе ки дар нафси худ онро (ҳиссаи фариштаро) ёбад, пас, бояд бидонад, ки чунин ҳаракатҳо аз тарафи Аллоҳ аст ва бояд, ки Худоро ситоиш кунад. Агар дар нафси худ дигар чизро, яъне васвасаҳои шайтонро ёбад, пас, бояд, аз шарри шайтон ба Аллоҳ паноҳ барад». (Ибни Касир).
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «