Тафсири Сураи бакара Ояти 269 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 269
يُؤۡتِي ٱلۡحِكۡمَةَ مَن يَشَآءُۚ وَمَن يُؤۡتَ
ٱلۡحِكۡمَةَ فَقَدۡ أُوتِيَ خَيۡرٗا كَثِيرٗاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٢٦٩
Юъти-л-ҳикмата ма-й яшаъ. Ва ма-й юъта-л-ҳикмата фақад утия хайран касиро. Ва мо яззаккару илла улу-л-албоб. 269.
269. Ҳар киро хоҳад, ба ӯ дониш медиҳад ва ҳар киро дониш дода шуд, пас батаҳқиқ, ба ӯ некӯии бисёр дода шудааст. Пандпазир намешаванд, магар соҳибони хирад.
Муфассирони гиромӣ зимни калимаи “ҳикмат” бисёр маъноҳои пурмазмунро пешниҳод намудаанд. Яъне мурод аз ҳикмат, илм, фиқҳ, шинохтани Қуръону тарс аз Худо, ки сари ҳамаи ҳикматҳост. Абӯ Олия гуфтааст, ки мурод аз ҳикмат китоб ва фаҳми ӯст. Баъзе гуфтаанд, ҳикмат донистани суннати Расулуллоҳ (с) аст. Баъзе мегӯянд, ҳикмат ақл аст. Баъзе гуфтаанд, ҳикмат фақеҳ шудан дар дини Аллоҳ аст, ки Аллоҳтаъоло бо фазли худ дар дили бандаи мӯъмин меандозад. Локин олитарини ҳикмат мартабаи пайғамбарист, ки Худованд ба бандагони хосси Худ додааст. Ибни Аббос (р) гуфтааст, ки ҳикмат Қуръон асту тафсири он, ки некону бадон онро мехонанду ҳалолу ҳаром, носиху мансух, мӯҳкаму муташобеҳ ва муқаддаму муаххарро медонанд.
Хулоса, фишурдаи мазмуни ояти мазкур валлоҳу аълам чунин аст: Аллоҳтаъоло илми нафъдиҳандаро, ки соҳиби худро ба сӯи иҷрои амали солеҳ мекашад, ба касе аз бандагони худ хоҳад ва шоиста донад, медиҳад. Чунин, шахс метавонад, фарқи байни ҷиҳод бо нафс ва васвасаҳои шайтониро бо илҳоми раҳмонӣ фарқ созад. Ҳикмат хайру баракат аст. Бахшандаи ҳикмат шахсеро сазовор бинаду ҳикматро ба ӯ диҳад, гӯё ба чунин шахс хайри бисёре додааст. Чунин ҳикмат соҳиби худро ба саодату некбахтии абадӣ мерасонад. Аз ин панду андарзи Қуръон ба ғайри соҳибонии хираде, ки аз ҳавою ҳавас холианд, дигарон панд гирифта наметавонанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «