Сураи бақара Ояти 267 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 267 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 267

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنفِقُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا كَسَبۡتُمۡ وَمِمَّآ أَخۡرَجۡنَا لَكُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِۖ وَلَا تَيَمَّمُواْ ٱلۡخَبِيثَ مِنۡهُ تُنفِقُونَ وَلَسۡتُم بِ‍َٔاخِذِيهِ إِلَّآ أَن تُغۡمِضُواْ فِيهِۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٌ ٢٦٧

Йа айюҳа-л-лазина оману анфиқу мин таййиботи мо касабтум ва мимма ахраҷно лакум-м мина-л-арЗ. Ва ло таяммаму-л хабиса минҳу тунфиқуна ва ластум би охизиҳи илла ан туғмиЗу фиҳ. Ваъламу анналлоҳа ғанийюн ҳамид. 267. 

267. Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чӣ шумо пайдо кардаед ва аз покизаҳои он чӣ аз Замин барои шумо берун овардаем харҷ кунед ва аз он чизе (ки) ҳарҷ мекунед, хабис (камқимат)-и онро қасд накунед ва ҳол он ки худ гирандаи он нестед, магар вақте ки дар гирифтани он чашмпӯшӣ кунед! Ва бидонед, ки албатта, Аллоҳ бениёзу сутудакор аст.

Байни оятҳое, ки Аллоҳтаъоло дар он бандагони худро ба нафақа додан фармудааст, ояти мазкур шашумин ояте аз онҳо аст. Ӯ таъоло дар ин оят бандагони худро амр кардааст, ки эй касоне, ки ба ягонагии Худо имон овардаед, аз беҳтарини молҳои покизае, ки касб намуда ба даст овардаед, дар роҳи Аллоҳ садақа (закот) диҳед. Инчунин, Худованд фармудааст, ки аз беҳтарини он чӣ ки аз замин барои шумо хориҷ намудем, низ садақа диҳед, хоҳ дон бошанд, хоҳ мевагӣ, хоҳ хазина. Локин аз молҳои хабис, яъне аз молҳои пастсифати худ, барои таҳқири ҳоҷатмандон садақа накунед. Зеро ба шумо ҳам чизи пастқимматро диҳанд, шумо ҳаё мекунед, онро намегиред ва қабул ҳам надоред. Ё ин, ки дар вақти гирифтан аз рӯи ҳаё чашми худро мепӯшед, яъне макрӯҳ мешуморед. Пас, шумо чӣ хел ҳаққуллоҳро аз чизҳои пасти нохоҳам адо мекунед? 

Дар охир Аллоҳ фармудааст, ки бидонед, ки Аллоҳ ба нафақа, закот ва садақа додани шумо мӯҳтоҷ нест, ҳар чи медиҳед манфиати шумост. Аллоҳтаъоло дар баробари он неъматҳои фаровоне, ки ба шумо арзонӣ намудааст, сазовори ситоиш аст. Ӯ таъоло пок аст, ҷуз покро намепазирад. 

Хулоса, Ӯ таъоло аз молҳои нописанд садақа доданро наҳй фармуда, тақвои бандагони худро хоҳон аст. Бояд мусалмонон байнашон ин дастури қуръониро пиёда созанд, то ин ки аз молҳои номарғуби худ садақа доданро одат накунанд. Баъди чунин панду андарз, Аллоҳтаъоло ба оёти зер бандагони худро аз васвасаҳои шайтон барҳазар мекунонад:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 266 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 268 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)