Сураи бақара Ояти 275 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 275 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 275

ٱلَّذِينَ يَأۡكُلُونَ ٱلرِّبَوٰاْ لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ ٱلَّذِي يَتَخَبَّطُهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ مِنَ ٱلۡمَسِّۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّمَا ٱلۡبَيۡعُ مِثۡلُ ٱلرِّبَوٰاْۗ وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلۡبَيۡعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰاْۚ فَمَن جَآءَهُۥ مَوۡعِظَةٞ مِّن رَّبِّهِۦ فَٱنتَهَىٰ فَلَهُۥ مَا سَلَفَ وَأَمۡرُهُۥٓ إِلَى ٱللَّهِۖ وَمَنۡ عَادَ فَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٢٧٥

Ал-лазина яъкулуна-р-рибо ло яқумуна илло камо яқуму-л-лази ятахаббатуҳу-ш-шайтону мина-л масс. золика би аннаҳум қолу иннама-л-байъу мислу-р-рибо. Ва аҳаллаллоҳу-л-байъа ва ҳаррама-р рибо. Фа ман ҷааҳу мавъизату-м ми-р-Раббиҳо фантаҳо фа лаҳу мо салафа ва амруҳу илаллоҳ. Ва ман ъода фа улаика асҳобу-н-нор. Ҳум фиҳо холидун. 275.

275. Касоне, ки судро мехӯранд, (аз гӯр) барнахезанд, магар монанди касе, ки шайтон ӯро аз осеб расондан девона сохтааст. Ин ба сабаби он аст, ки (судхӯрон) гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки савдогарӣ мисли судхӯрист». Ва ҳол он ки Аллоҳ савдогариро ҳалол кардааст ва риборо ҳаром сохтааст. Пас, касеро, ки аз ҷониби Парвардигор панд омад, пас, (аз ин кор)  даст кашид, пас, ӯрост он чӣ гузашт ва кори ӯ вогузор ба сӯйи Аллоҳ аст. Ва ҳар шахсе ки ба судхӯрӣ бозгашт, пас он гурӯҳ бошандагони Дӯзаханд, онон дар он ҷо ҷовидон монанд.

Аллоҳтаъоло зимни ин оят нописанд будани рибо (просент)-ро, ки акси нафақот дар роҳи ризои Аллоҳ асту молҳои мардумро бо роҳи ботил ба даст овардан аст, баён намуда, фармудааст, ки шахсоне, ки бо рибохӯрӣ сару кор доранд, барои манфиати хеш хуни мардумро мемаканд. Онҳо рӯзи қиёмат, вақто ки барои ҳисоботи амалҳо аз қабрҳояшон бармехезанд, хестанашон ғайри оддӣ буда, мисли шахсони ҷинзада мадҳуш, афтону хезон, роҳравияшон номӯътадил аст. Онҳо худро идора карда наметавонанд, аз онҳо аҳли маҳшар нафрин мекунанд. Сабаби ба чунин азоб гирифтор шудани рибохӯрон он аст, ки онҳо ба фармудаи Аллоҳтаъоло эътироз карда, аз рӯи қиёс мегӯянд, ки хариду фурӯш ҳам мисли рибост, чаро байъ ҳалол будаасту судхӯрӣ ҳаром? Барои радди онҳо Аллоҳтаъоло фармудааст, ки хариду фурӯш ин ивази мол бо мол буда, манфиат барои тарафайн аст, ошкоро зиён дар он маълум нест, ӯ ҳалол аст. Зеро савдо доимо зиён намеоварад.

Аммо рибо бе иваз буда, ба дармондагон доимо зараровар аст, бинобар ин, ҳаром аст. Албатта, ин ҳукмест, ки Аллоҳтаъоло бо он ин дуро (рибо ва байъро) аз ҳамдигар ҷудо намуд ва эътирози онҳоро ботил сохт. Ӯ таъоло ба бандагони худ аз модару аз падар дида меҳрубонтар аст. Ҳар чи барои бандагон фоидаовар бошад, онро мубоҳ мегардонад ва ҳар он чи барои онҳо зараровар бошад, аз он бандагони худро наҳй мекунад. Аллоҳтаъоло дар давоми оят роҳро барои тавбакунандагон боз намуда, фармудааст, ки ҳар шахсе ҳаром будани судхӯриро фаҳмаду худро аз рибохӯрӣ боздорад, ҳар суде то ҳаром гардонидани рибо дар замони ҷоҳилият ва пеш аз нозил шудани ин оят гирифтааст, аз они ӯст. Аз ин баъд, агар шахсе худро боз дорад, гузаштаи ӯ вогузор ба сӯи лутфи Парвардигор аст, агар хоҳад, ӯро афв мекунад. Аммо барои шахсе, ки бо рибохӯрӣ сару кор дорад, ҳукми ҳаромии рибо ба ӯ расаду боз судхӯрии худро идома диҳад, ояти мазкур, алайҳи ӯ ҳуҷҷат аст. Мумкин аст, ки бо идомаи рибохӯрӣ аз дунё беимон раваду дар Дӯзах мисли кофирон абадӣ монад. Агар бо имон ҳам равад, аз сабаби ҳаромро аз ҳалол фарқ накардану ҳукми Аллоҳро аҳамият надоданаш дар азоби Ҷаҳаннам муддатҳои дароз бимонад. Рибо дар замони кунунӣ бо номи “прооент” машҳур аст. Сураташ чунин аст. Шахсе мехоҳад маблағеро қарз гирад, то онро баъди муддати муайяншуда баргардонад, бечора касеро, ки холис қарз диҳандааст, намеёбад, дигарон ба ӯ қарз намедиҳанд, ноилоҷ бо изофагӣ қарз мегирад. Яъне агар пулеро қарз гирад, бо фоизи муайяни моҳона баргардониданаш лозим. Агар 100 танга гирад, байни ҳар ду аҳднома мешавад, ки ҳар моҳ ба ғайри маблағи қарз боз 20 тангаи дигар бармегардонад. Мисол 100 тангаро бо муддати 5 моҳ бо таври рибохӯрӣ қарз гирад, баъди 5 моҳ он 100 тангаро 200 танга карда баргардониданаш лозим. Яъне соҳиби 100 танга 100 тангаи дигарро бе ягон иваз ба ҷайби худ мезанад, ки инро шариати исломия ҳаром ҳукм кардааст. Аз ҳамин сабаб аст, ки баъзеҳо сарватманд мешаванд ва баъзеҳо ба пасттарин дараҷаи қашшоқӣ мерасанд. Афсӯс, ки шумии чунин тоифаи ҳаромхӯр, астағфируллоҳ, ба дигарон ҳам мерасад.

 

Акнун чанд ҳадисе дар шаъни рибохӯрон: Расули Акрам (с) фармудаанд: “Худо лаънат кунад рибохӯронро ва хӯронандаи ӯро ва шоҳидону нависандаи риборо.”

Абӯ Ҳурайра (р) ҳадисеро ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Рибохӯрӣ 70 шохаи гуноҳ дорад. Сабуктаринаш аз рӯи ҷазо ва гуноҳ, мисли ҳамбистар шудани инсон бо модари худ аст.”

Ояти баъдӣ боз касофати судхӯриро тавзеҳ дода, мегӯяд, ки ҷазои судхӯр ба қиёмат вогузор намешавад, балки имкон дорад дар ҳамин дунё ба амал ояд.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 274 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 276 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)