Тафсири Сураи бакара Ояти 274 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 274
ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ فَلَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٢٧٤
Ал-лазина юнфиқуна амволаҳум би-л-лайли ва-н-наҳори сирра-в ва ъалониятан фа лаҳум аҷруҳум ъинда Раббиҳим ва ло хавфун ъалайҳим ва ло ҳум яҳзанун. 274.
274. Касоне, ки молҳои худро шаб ва рӯз, пинҳонӣ ё ошкоро харҷ мекунанд, пас муздашон назди Парвардигорашон аст ва тарсе бар онҳо нест ва на онҳо андӯҳгин шаванд.
Ибни Мурдавия аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки ин оят дар бораи ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (р) нозил шудааст, зеро ӯ дорои чунин сифате буд, ки дар ин оят омадааст. Локин маънои оят маҳдуд нест, ҳар касе дорои чунин сифат бошад, таҳти башорати ояти мазкур иншоаллоҳ, дохил аст. Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур он шахсонеро, ки молҳои худро дар роҳи ризои Аллоҳ ҳама вақт, хоҳ шаб бошад, хоҳ рӯз, хоҳ ошкор бошад, хоҳ ниҳон, садақа медиҳанд, хушхабар дода фармудааст, ки подоши садақоташон назди Парвардигор маҳфуз буда, рӯзи қиёмат барои соҳиб шудан ба чунин аҷру мукофот на аз чизе тарс доранд ва на барои лаззатҳои дунёи фонӣ, ки аз даст додаанд, ғамгинанд. Аҷри чунин шахсонро Парвардигор, чунонеки дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, зиёд мекунад, агарчи як хурмо ҳам бошад, то рӯзи қиёмат мисли кӯҳ бузург мешавад ва рӯзе, ки ба ғайри сояи (раҳмати) Парвардигор (дар он рӯзи қиёмат) дигар сояе нест, чунин шахсонро соягӣ мекунад. Муфассирони киром дар ояти мазкур ба як нукта ишора намудаанд. Яъне калимаи шаб аз рӯз дар ояти мазкур пеш омадааст, ин ишора ва тарғиб бар он аст, ки ниҳон додани садақот аз ошкоро додан афзал аст. Ин мазмун дар оятҳои қаблӣ, ҳам гузашт. Акнун дар оятҳои баъдӣ аҳволи рибохӯрон (судхӯрон)-ро ва шахсонеро, ки аз муомилаҳои хабису нодурусти ғайри шаръӣ суд пайдо мекунанд, золим хонда, хабар додааст, ки онҳо бинобар анҷоми амалҳояшон ҷазои мувофиқ мегиранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «