Оё дар намоз дучори васваса мешавед? Тавсияҳо

0

Васваса дар вакти Намоз

Камтар касе аст ки дар тӯли намоз, ҳавосаш (ҳушаш) комил ба намоз буда ва мутаваҷҷеҳи он бошад, чора чист?

◾Қабл аз намоз бар ҷойнамоз нишаста ва қадре зикр ё тиловати сураҳои Ихлос (қул ҳуваллоҳу аҳад) наъвизатайн (қул аузу бираббил фалақ) ва (қул аузу бираббиннос) ро бихонед то рӯҳу дилатон омода ва муштоқи ибодати Аллоҳ гардад.

◾Қабл аз намоз, бо худ чунин тасвир кунед ки мумкин аст ин охирин намозатон қабл аз вафот бошад.

◾Пеши рӯятон Аллоҳ ҷаллаҷалолуҳу, пушти сар малакулмавт, зери поятон пули сирот, тарафи дасти рост ҷаннат ва тарафи дасти чапатон дӯзахро тасаввур кунед.

◾Ба худ талқин кунед ва тасмими ҷиддӣ бигиред ки намозе бо хушӯъ ва бидуни парешонӣ бихонед.

◾Тасвир кунед ки мехоҳед дар баробари бузургтарин шахсияти олим ҳастӣ истода бо Ӯ сухан бигӯед.

◾Дастҳоро ки барои такбири таҳрима боло бурдед (кафи дастҳо рӯ ба қибла ва пушти онҳо ба ақаби сараст) инҷо ингуна бо Худо бигӯед:

Худоё ин ҳолат яъне аз ин лаҳза дунё тарк ва пушти сарам ва Ту дар муқобилам ва ҳавосам (ҳушам) фақат ба Туст.

◾Истода дар намоз саъй бар хушӯъ ва хузӯи бисёр кунед ва худро бениҳоят назди Аллоҳ кӯчак ва ниёзманд кунед.

◾Оҳиста ва бо оромиш намоз бихонед.

◾Ба маънои ончи дар намоз мехонед таваҷҷӯҳ кунед.

◾Агар гурусна ё ташна ҳастед, қабл аз намоз шиками худро сер кунед то сабаби аҷала дар намоз барои бар суфра (дастархон) нишастан нагардад.

◾Дар макони хилват ва сокит намоз хонед.

“Қабл аз намоз се бор аузу биллоҳи минашшайтонирраҷим-ро хонда тарафи чапи худ оҳиста cуф кунад.

◾Макони намозатонро ба рӯи шумо холӣ аз ҳар тасвир ва ҷисме бошад.

Аҳмад Фавод Шерзод

Мақолаи қаблӣСингуларитии технологӣ ва бемаргии инсон (ҳаёти ҷовидона)
Мақолаи баъдӣМан ҷавонам ва нигоҳамро аз занҳо канда наметавонам (ҳикоя)