Сураи Балад Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Балад Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Балад Ояти 17

ثُمَّ كَانَ مِنَ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَتَوَاصَوۡا بِالصَّبۡرِ وَتَوَاصَوۡا بِالۡمَرۡحَمَةِ ١٧

Сумма кана мина-л лазӣна аману ва тавасав би-с-сабри ва тавасав би-л-марҳамаҳ. 17.

17. Пас, бояд аз он касоне бошад, ки имон овардаанд ва ҳамдигарро ба сабр тавсия кардаанд ва якдигарро ба меҳрубонӣ тавсия намудаанд.

Яъне шахсе бо сари баланд аз ақабаҳо гузаштааст, ба шарте суд мебардорад, ки ӯ дар ҳисоби шахсони имондор бошад. Зеро бузургтарин шарти қабули амалҳои солеҳ назди Аллоҳтаъоло имон аст. Агар имон набошад, ҳеҷ амали некӯ қабул нашавад. Баъд аз ин соҳибони имон бояд ҳамдигарро ҳама вақт ба сабру таҳаммул ва меҳру шафқат намудан ба ҳамдигар васият кунанд. Ашхоси сабркунанда ба ҳангоми заҳматҳо ва меҳрубону мушфиқ ба халқи Худо, назди Офаридгор соҳиби мартабаи баланданд. Онҳо:


Рӯйхати оятҳои Сураи Балад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Балад Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Балад Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)