Меваҳо (Себ, Анор, Нок, Ангур)

0

Дар ин мақола маълумот дар борая якчанд мева, Себ, Анор, Нок ва Ангур меорем. Маълумот дар бораи витаминҳои ин меваҳо, намудҳои онҳо ва шифобахшии онҳо оварда мешавад. Оиди Витаминҳо инҷо<< хонед.


Маълумот дар бораи Меваҳо

Себ меваи маъмули иштиҳоовар буда, зеби ҳар дастархон аст. Себ сероб, хушхӯр, ширин буда, таркибаш аз витаминҳои В, С бой аст. Себ барои саломатӣ фоидаовар буда, хунро тоза ва зиёд мекунад. Он навъҳои гуногун дорад, ки маъмултарини онҳо хубонӣ, пешпазак, шакарак, турушак, крепсон, антонӣ, аштархонӣ мебошанд. Себро барои тайёр кардани мураббо ва шарбат низ истифода мебаранд.

Анор

Анор низ меваи маъмул аст. Дарахти анор 20 сол умр мебинад. Дарозии он 5-6 метр буда, навдаҳояш борик, хордор, баргҳояш ҷилодор, гулаш сурх аст. Ин меваи хушхӯр аз витамини С ва қанд бой аст. Шарбати анор барои камхунӣ фоидаовар аст.


Нок (мурӯд)

Нок (мурӯд) меваи маъмул аст. Нок хуштаъму серғизо мебошад. Аз он мураббо, шарбат ва ғайра тайёр мекунанд. Таркиби нок аз сафеда, қанд ва витаминҳои Е, С, Р ва В бой аст


Ангур

Ангур меваи ширин аст. Таркиби ангур витамин ва моддаҳои кимиёвӣ дорад. Ангур аз витаминҳои А, B, D ва Р бой аст. Ангур барои аз байн бурдани бемориҳои чашм, асаб, хунукзадагӣ, офтобзадагӣ ёрӣ мерасонад.

Витаминҳо


Маълумот дар бораи Мевахо, мевахои Точикистон, себ чи витамин дорад, витаминхо дар нок, Ангур бо забони точики, маълумотхо дар бораи мевахо

Мақолаи қаблӣВитаминҳо
Мақолаи баъдӣСабзавот (Пиёз ва Сирпиёз)

НАЗАРИ ХУДРО НАВИСЕД

Шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед