Тафсири Сураи Балад Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Балад Ояти 7
اَيَحۡسَبُ اَنۡ لَّمۡ يَرَهٗۤ اَحَدٌ ٧
А-яҳсабу ал лам яраҳу аҳад. 7.
7. Оё мепиндорад, ки ӯро ҳеҷ кас надидааст?
Яъне Худо (ҷ.ҷ.) кӣ чӣ қадар мол ба чӣ ният ва барои чӣ ба сарф расонидааст ҳамаро мебинаду медонад. Пас, дурӯғи беҷо ва кирдори бориё инсонро суд набахшад.
Худованд ҳар як амали шуморо медонад ва таҳти суол қарор медиҳад ва дар ҳар як сарфи беҳудаи шумо чазои мувофиқ медиҳад, чунки Аллоҳтаъоло Рақиб аст. Инсон хоҳ бой бошад, хоҳ камбағал, хоҳ аъзоҳои солим дошта бошад, хоҳ не, бояд, ки неъматҳои Худоро фаромӯш накунад. Худованд фармудааст, ки:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Балад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «