Шеъри ҳаҷвӣ дар васфи Барқи Тоҷик (свет)

0

Барқи Тоҷик зиндагиям торик аст
Риштаи умри “светат” борик аст

Нархи барқат меравад то осмон
Чашм бикшову бубин, аҳволамон

Сол аз сол нарх боло мекунӣ
Зиндагиро оҳ расво мекуни

Хонаи нурӣ, вале рафтори ту
Ҳеҷ муносиб нест бар гуфтори ту

Халқро ғорат куни ҳар солу моҳ
То ба кай фарёду шеван,оҳу воҳ

Хизмати халку Ватан бояд намуд
Нарх бо таъби сухан бояд намуд

Нархро боло набар, боло набар
Илтиҷо дорам ба ту ҳоло набар

Ҳолу аҳволи муҳоҷирро нигар
Дарду ранҷи ҳар мусофирро нигар

Раҳм кун бар ҳоли мардони Ватан
Бош индам боли мардони Ватан

Барқи Тоҷик илтиҷо дорам туро
Руи дафтарҳои дил корам туро
Гар ту нархи барқ поён мекуни
То қиёмат дуст медорам туро

Комрони Аслон Соли 2015


Мақолаи қаблӣВазифаи мард дар оила чист? Вазифаи зан чи?
Мақолаи баъдӣХосиятҳои шифобахши оби биринҷ