Рушди технологияҳои муосир аз рушди ҷомеа вобастагии калон дорад. Бо вуҷуди пешрафти ҷомеа тамоми соҳаҳои фаъолияти он қадамҳои навбатии хешро дар ҷодаи муваффақият гузошта истодаанд. Даҳ сол пешро бо имрӯза муқоиса кунем агар, аз замин то осмон фарқ мекунад. Пешрафти ҷомеа дар ҳақиқат хуб аст, зеро барои аҳолии сайёра имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад. Имрӯзҳо касе нест, ки телефонро нашиносад ва ё оилае нест, ки аз телефон истифода набарад. Қариб дар аксарияти оилаҳо як-ду телефони мобилӣ дида мешавад. Дар ҳақиқат нақши ширкатҳои телефонбарорӣ дар ҷомеа хело баланд шудааст. Боиси зикр аст, ки дар рушд ёфтани майдони ширкатҳои телефонистеҳсолкунанда, ширкати “Xiaomi” мавқеи намоёнеро ишғол мекунад. Агар як ду сол пеш дар дасти аксарияти мардум телефонҳои ширкати “Samsung” – ро медидед, имрӯзҳо аксарияти одамон аз телефонҳои истеҳсолнамудаи ширкати “Xiaomi” истифода мебаранд. Имсол, ки ширкат 10-сола мешавад, вобаста ба ин мо чанд факти аҷибашро пешниҳоди Шумо мегардонем.

Ширкати телефонбарории “Xiaomi”, ки дар логотип бо номи “mi” машҳур аст, 6 апрели соли 2010 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ин ширкат дар Хитой, аниқтараш дар шаҳри Пекин ҷойгир аст.
Ташкилкунандаи ин ширкат Лэй Цзюн мебошад. Ин мардро аксарияти одамон Стив Ҷопси хитойӣ низ мегӯянд, зеро дар як муддати кӯтоҳ баланд бардоштани нуфузи ширкат миёни дигар ширкатҳои телефонистеҳсолкунанда кори осон нест.
Ин ширкат ба китоби рекордҳои Гиннес ба он хотир шомил шудааст, ки он дар муддати 24 соат ҳамагӣ 2, 12 млн адад смартфонҳои истеҳсолнамудаашро фурӯхтааст. Дар ин рӯз ширкат 432 млн долларро ба даст овардааст.
Аввалин смартфони ин ширкат бо номи “mi 1 ” моҳи августи соли 2011 ба фурӯш баромада буд, ки арзишаш 300 долларро ташкил медод.
Ширкати “Xiaomi ” натанҳо телефону смартфонҳо истеҳсол мекунад, инчунин дар истеҳсоли компютер, планшет, соат, пояфзол, ҷувздон, бозичаҳои хурди кӯдакона ва дигар навъи истеҳсолот фаъол аст.
Имрӯзҳо аксарияти одамон телефонҳои ин ширкатро ба хотири бисёр нигоҳ доштани қувваи он истифода мебаранд. Агар дар телефонҳои ширкати “Samsung” сифати баланди банаворгирӣ афзалтар бошад, дар телефонҳои ин ширкат доштани қувваи зиёд афзалтар аст. Ин телефонҳо ҳатто бо истифодаи интернет имконияти истифода бурдани қувваро дар муддати як шабонарӯз доро мебошанд.
Ширкати “Xiaomi” натанҳо дар Пекини Хитой инчунин дар аксарияти давлатҳо нуқтаҳои фурӯши телефонҳои худро дорад. Масалан, дар Малайзия, Ҳиндустон, Россия ва ҳатто дар Тоҷикистон мағозаҳои фурӯши телефонҳои ин ширкат мавҷуд аст.
Агар дар ширкати телефонбарории “Huawei” 170000 нафар кор кунад, дар ширкати “Xiaomi ” ҳамагӣ 8000 нафар кор мекунад.
Дар соли 2014 аз ҷиҳати истеҳсоли смартфон ширкати “Xiaomi” дар ҷаҳон мавқеи сеюмро ишғол кардааст.
Дар ҳақиқат, телефонҳои истеҳсолнамуди ин ширкат бисёр мувофиқ ва бо талаботи замонавӣ ҷавобгу мебошанд. Шумо ягон маълумоти аҷиби дигари ин ширкатро донед, дар шарҳ нависед, то мо низ бохабар шавем.
Мунаввари Мираҳмадзод


