Пешво будан миёни гурӯҳе аз одамон масъулияти бузургест. Аъзои як тим ҳамеша ба пешвояшон бовар доранд. Ин бовар сабаби бар зиммаи пешво афтидани ҷавобгарӣ, масъулият ва бурду бохти гурӯҳ мегардад. Агар Шумо низ дар бахше аз зиндагӣ пешво будан хоҳед, пас, бохабар буданатон аз хусусиятҳои пешво шарт аст.

Аломатҳои пешвои ҳақиқӣ
○ Пешвои ҳақиқӣ қадри худро медонад ва новобаста аз вазъият қадрашро паст намекунад.
○ Пешвои ҳақиқӣ бо вуҷуди он ки дигарон дар бораи роҳи интихобкарадаи ӯ чӣ андеша доранд, масирашро иваз намекунад. Ин гуна инсонҳо дар роҳи рафтаашон устувор қадам мениҳанд.
○ Пешвои ҳақиқӣ дар ҳаққи ҳар як узви тим ғамхорӣ зоҳир мекунад. Ӯ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ҳар узви тимро баробари худ ба пеш барад.
○ Пешвои ҳақиқӣ дигаронро дӯст медорад. Ин гуна инсон шахсеро ки тобеи ӯст барои кори хатое сарзаниш мекунад ва роҳи дурустро нишон медиҳад, вале худи он инсонро ҳеҷ гоҳ бо чашми бад нигоҳ намекунад.
○ Пешвои ҳақиқӣ тамоми намуди кӯмакро қадр мекунад ва шахсеро ки ба ӯ кӯмак мерасонад, эҳтиром менамояд.
○ Пешво ҳақиқӣ аз фикри муқобил наметарсад. Ин гуна инсон нафаронеро ки камбудии ӯро мегӯянд, бад намебинад, балки аз пайи ислоҳи камбуди худ мегардад.
Ба андешаи Шумо пешво боз чӣ хусусиятҳоро бояд дошта бошад?


