
Дар аҳди қадим хирадманде хоксору фурӯтан дур аз шаҳр ба сар мебурд. Ӯро, ки ҳунари шишагарӣ дошт одати аҷибе буд. Ҳар моҳ бозичаҳои булӯрину маҳини сохтаашро шаҳр бурда, ба кӯдакон тақдим мекард. Кӯдаконро аз ин одат бисёр хуш меомад ва бозичаҳоро низ ба хушнудӣ мепазируфтанд. Боре марде гуфт:
Ба зоҳир нафари хирадмандеро мемонӣ, вале амали туро наметавон оқилона хонд. Чаро бозичаҳоеро ба ин зарофату нозукӣ аз булӯр месозӣ? Беҳтар он нест, ки аз гил бисозӣ, то ҳангоми шикастанашон имкони тармим бувад ва кӯдаконро аз ин ғам набошад?
Ҳунарманд ҷавоб дод:
Замоне ин кӯдакон болиғ мешаванд, чизе ба эшон тақдим мегардад, ки зарифтар аз булӯру поктар аз шабнам аст ва онро ҳангоми шикастан ҳеҷ имкони тармим набошад. Он ҳадияи муқаддасро номаш дили инсон аст. Манзури ман аз ин иқдом ба кӯдакон аз ҳозир омӯхтани дарси посдориву эҳтиёт аст, то фардо ҳеҷ кадом аз онон дилшикаставу танҳо набошанд. Яқинан, шумо ҳеҷ вақт бозичаи булӯрин надоштаед.

