
Духтаре пас аз издивоҷ наметавонист бо модари шавҳараш унс бигирад ва ҳар рӯз миёни онҳо ҷангу даъво буд. Оқибат рӯзе духтар бо ҳадафи нопок назди дорусозе, ки дӯсти самимии падараш буд рафт ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки заҳре барояш омода созад, то тавонад модари шавҳарашро ба қатл расонад. Дорусоз гуфт:
– Агар заҳри хатарноке ба ту бидиҳам ва модари шавҳарат дарҳол бимирад, мардум шак хоҳанд кард.
Пас, маҳлулеро аз ҳар гуна гиёҳҳо омода карда, ба ӯ доду фармуд:
– Ҳар рӯз аз он миқдоре ба ғизои пиразан бирез, то оҳиста – оҳиста асар кунад ва саранҷом ӯро бикушад.
Баъд аз он табиб тавсия дод, ки дар ин муддат бо пиразан баҳсу муноқиша накунад ва аз худ рафтори хуб нишон диҳад, то мардум шак набаранд. Зан маҳлулро гирифт ва бо хушҳолӣ ба хона баргашт. Ҳар рӯз миқдоре аз онро ба ғизои модар мерехт ва бо меҳрубонӣ ба ӯ медод. Ҳафтаҳо мегузашту аз меҳру муҳаббати келин рафтори хушдоман низ рӯз аз рӯз беҳтар мешуд, то ҷое, ки модар ҳар ҷо менишаст, васфи хубии келинашро мекард. Ниҳоят рӯзе зан аз амалаш дилреш шуда, назди дорусоз рафт ва гуфт:
– Дигар аз хушдоманам мутанаффир нестам. Ҳоло ӯро монанди модарам дӯст медорам ва намехоҳам, ки бимирад. Хоҳишам ин аст, ки доруи дигаре диҳед, то асари заҳрро аз бадани хушдоманам дур созад.
Дорусоз лабханде заду гуфт:
– Духтарам, ором бош. Он маҳлулеро, ки ба ту дода будам, заҳр набуд, балки аз беҳтарин гиёҳҳои шифобахш омода шуда буд. Заҳр дар зеҳни худи ту буд, ки ҳоло бо ишқу меҳрубонӣ ба модари шавҳарат аз байн рафтааст.
Сарчашма: рӯзномаи «Ҷумҳурият» (таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД )


Мошолох бехтарин барнома.
Бехтарин маколахо Худованд аз шумо рози бошад.
Хохиш саргузашти одамони милонер ва инсонхои мувафакро зиёдтар нависед.