Тафсири Сураи Буруч Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Буруҷ Ояти 13
اِنَّهٗ هُوَ يُبۡدِئُ وَيُعِيۡدُ ١٣
Иннаҳу Ҳува юбдиу ва юъӣд. 13.
13. Батаҳқиқ, Ӯ бори аввал халқро биёфарид ва баъди марг ба арсаи қиёмат онҳоро боз баргардонад.
Оё муҷримон гумон мекунанд амалҳое, ки дар дунё доштанд, мавриди ҳеҷ гуна пурсиш қарор нахоҳад гирифт? Чун марг фаро расид, бо додани ҷон аз ҳама чиз халос хоҳанд шуд? Ҳаргиз! Бо таъкид ин оят фармудааст, ки Аллоҳтаъоло аз нестӣ одамро офарид, офариниши дуюм низ ба ихтиёри Ӯст, ҳар вақто ки хоҳад, зинда мегардонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «